Марги ду журналист

 

Ғуломҷон Маҳмудов, муовини пешини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шаби 22 ба 23-юми июл дар синни 75-солагӣ  ва Галина Дзутсева  дар синни 72 солагӣ даргузаштанд. 

Ғуломҷон Маҳмудов аз бемории қалб даргузаштааст: Ӯ  аз соли 1977 то 1997 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион фаъолият мекард. Ӯ яке аз бунёдгузорони телевизиони маҳаллии “Анис”-и шаҳри Конибодом дар соли 1992 буд ва баъди ба нафақа баромадан директори ҳамин телевизион шуд

Ғуломҷон Маҳмудов аълочӣ ва корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Инчунин Галина Дзутсева, муҳаррири нашрияи русзабони “Бизнес и политика” дар пайи фишорбаландӣ ва хуруҷи бемории қалб дар синни 72- солагӣ даргузашт.Ёдовар мешавем,ки Галина Дзутсоева як муддат дар ҳафтаномаи «Крим- инфо»фаъолият дошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.