Марги Фирдавсу Ҷамшеди ноболиғ дар садамаҳои нақлиётӣ

Санаи 29 феврал дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ду ноболиғ, яке Ҷамшеди 12-сола ва дигаре Фирдавси 6-сола ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 29-уми феврали соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шамсидинов Шукрулло Джумабоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Саричашмаи шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Зиёвиддинов Ҷамшед Ҳамзаевич, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 5, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мутаассифона, худи ҳамон рӯз тахминан соати 17:40 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Москвич», Ҳоҷибоев Амонҷон Тоҳирҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур, ноболиғ, Фарҳодзод Фирдавс, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ҷабрдидаи хурдсол, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *