Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марги фоҷиабори ҷавоне дар Соли нав

Риштаи ҳаёти Идрис Эшимови 22- сола дар арафаи Соли нави мелодӣ ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад,  рӯзи 31-уми декабри соли 2019, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ-469», Худоназаров Ёрмамад Озодмамадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мурғоб, ҳангоми ҳаракат дар километри 930-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ашимов Идрис Эшбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғобро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Ашимов И.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.