Марги майор Давлатов аз коронавирус

Корманди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон майор Собирҷон Давлатов рӯзи 13 сентябр дар беморхонаи «1-ум Советский” дар синни 49 аз бемории коронавирус вафот кард.

Ҷанозаи Собирҷон Давлатовро, ки бо номи Абдуғаффор ҳам маъруф буд, ҳамон рӯз ба хонааш дар маҳаллаи Хуҷамбиёи поёни шаҳри Душанбе оварда, барои видоъ бо турбати ӯ ҳамагӣ 20 дақиқа вақт додаанд ва сипас дар оромгоҳи Хуҷамбиё ба хок супурданд.

Майор Давлатов беш аз 20 сол дар БДА кор карда, аксари ин муддат бо мошини БДА мошинҳои хидматии раиси парлумонро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ ин корро ҳам дар давраи Сайдулло Хайруллоев, ҳам Шукурҷон Зуҳуров анҷом медод ва моҳҳои охир раиси нави парлумон Маҳмадтоир Зокирзодаро дар роҳ ҳамроҳӣ мекард.

Собирҷон Давлатов зодаи деҳаи Коминтерни ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳоло – Кушониён) буд. Аз ӯ 5 фарзанд – 2 писар ва 3 духтар ятим монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *