Марги тасодуфии донишҷӯ

Рӯзи якшанбе  мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо фоҷиа анҷом ёфт.

Донишҷӯи соли чоруми донишкада  Шарипов Рустам Ҳусниддинович, соли таваллудаш 1997, зодаи деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари як тасодуф дар майдони футбол ба ҳалокат расид.

Дар донишкада байни донишҷӯён мусобиқаи футбол баргузор карданд. Пас аз пирӯзии дастаашон Рустам худро аз шодӣ ба дарвозаи футбол овезон кард. Вале аз қазо дарвоза ба болои ӯ чаппа шуд ва Рустам ҷароҳати ҳалокатбор бардошт. Ин ҳодиса рӯзи якшанбе, соати тахминан як ба якуними нисфирӯзӣ рух дод.

Ҷасади Рустам Шариповро баъд аз ташхис дар ҳоспитали ҳарбӣ ба зодгоҳаш – деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ фиристоданд. Ӯро рӯзи 24 сентябр дар Техарв ба хок супурданд. Рустам Шарипов ҳамагӣ 21 сол дошт ва бояд имсол таҳсилро дар Донишкадаи ҳарбӣ хатм мекард. Волидонаш мехостанд, ки баъди хатми донишкада Рустамро хонадор кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *