Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маршруткаҳи беинтизом: Поймолкунандаи ҳуқуқи мусофирон ва паҳнкунандаи COVID-19

Чаро халқи тоҷик аз ҳаққу ҳуқуқи худ дифоъ намекунанд? Чаро имконият медиҳиҳанд, то ки дигарон ба нафъи худ аз вақти онҳо суиистифода намоянд? Чаро  асабӣ ҳам шаванд, як-ду даҳон сухан намекунанд? Чаро тарсӯянд? Ин суолҳоро ҳар субҳ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба худ медиҳам.

Субҳ ба мошини хатсайри №19 савор шуда, роҳ сӯи дафтари корӣ пеш гирифтам. Дар ними роҳ автомобили дигари ҳамин хатсайр ба мошине, ки мо савори он будем, ишораи ист намуд. “Канӣ пурс, чӣ мехоҳад?”-хитоб кард ронанада ба пулчинак. Пас аз дақиқае кондуктор баргашту гуфт: “Он кас мехоҳад мусофиронашро ба мошини мо бор кунад, гӯё мошини худаш вайрон шудааст”. Ронанда ба пулчинак фаҳмонд, ки 50 фоизи пули он мусофиронро пардохт кунанд, бар акси ҳол онҳоро ба мошинаш савор намекунад.

Дар байни чанд дақиқае, ки пулчинаки он ду мошин барои пул баҳс доштанд, мусофирони он автомобил ба мошини мо як-як савор шудан гирифтанд. Дар маҷмӯъ, 11 мусофир бо борхалтаҳои вазнин ва мӯйсафедҳои базӯр ҳаракатмекардагӣ ба мошини мо кӯчонда шуданд.

Табиист, ки мусофирони навсаворшуда ё ба қавли дигар маҷбуран кӯчондашуда, базӯр дар мошин ҷой гирифтанд. Чеҳраи он мусофирон бозгӯи он буд, ки то кадом андоза нороҳат шудаанд ва дар таги дил ронандаашонро бо гапҳои “хуб” сарзаниш мекарданд. Лекин ҳайронам, чаро норозигияшонро рӯирост бо забони гӯё арз накарданд?

Пас аз чанд лаҳза пулчинак омада, гуфт, ки ронандаи мошини дигар тамоман пул додан намехоҳанд ва гуфтаанд, ки пулакӣ бошад, худам як бало карда, онҳоро то охир мебарам. “Хайр набошад, худаш бурдан гирад. Фарор инҳоро” -гуфт ронандаи мо.
Мусофирони бечора боз аз автомобили мо фаромаданду ба мошини  қаблӣ савор шуданд…

Чунин бемасъулиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати мусофирон аз ҷониби ронандаҳо ҳолати нахуст нест. Чандин маротиба ҳатто сари ин масъала бо ронандаҳо баҳс доштем, лекин ба ҷои узрхоҳӣ боз якчанд сухани болохонадор низ шунидаем.

Дар даромадгоҳи  ҳамаи  нақлиёти ҷамъиятӣ бо ҳарфҳои калон навишта шудааст, ки “бе ниқоб даромадан манъ аст” ва дар коғази дагар дарҷ гардидааст, ки “дар дохили нақлиёт масофаи иҷтимоиро риоя намоед!” Ронандаи автомобили мо низ дар навбати худ ба хатои ҷиддӣ роҳ дод. То ворид шудани он 11 мусофир дар мошини худи ин ронанда аллакай ҷойҳои нишаст банд буданд ва ҳатто якчанд мусофир рост истода буд. Лекин ӯ дидаю дониста он мусофирони дигарро ба мошин роҳ дод, ҳол он ки на ҳамаашон ниқоб баста буданд ва бо сабаби танг будани “салон”-и автомобил, риояи масофаи иҷтимоӣ имконнопазир буд.

Ин коғазҳо фақат ба хотири “галочка” часпонда шудаанд. Ҳатто бо 5-10 сомонӣ аз доми нозирони роҳ раҳо меёбанд. Масъулият аз ҷониби на нозирони роҳ, на ронандаҳо ва на мусофирон ҳис карда мешавад. Мусофирон бе ниқоб ва дидаю дониста ба мошини серодам савор мешаванд, ронандаҳо ба хотири пули зиёд кор кардан мусофиронро аз меъёр зиёд савор мекунанд, нозирони роҳ ба хотири кисашонро пур кардан ба ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо чашм мепӯшанд.

Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозрасии давлатии автомобиль хощиш карда мешавад, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиётиро ба низом дароранд. Зеро маҳз ҳамин нақлиёт метавонад боиси авҷи дуюмбораи   COVID-19 шавад.

Наврузмоҳ Вазирбекова

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.