Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марзҳои Тоҷикистон васеъ мешаванд?

Душанбе, 1 апрел.

Хабаргузории jindopress хабар медиҳад, ки Абдулло Абдулло баъди гуфтушуниди бебарор бо Ашраф Ғанӣ хостори барпо кардани раъйпурсӣ барои ҳамроҳ кардани вилоятҳои тоҷикнишини шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон шудааст.

Ӯ махсус қайд кард, ки мо солҳост дар ин маврид бо шахси аввали Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид дорем. Ба қавли Абдулло Абдулло, бояд қисматҳои ҳаммарзи тоҷикнишини Афғонистон бо вилоятҳои ҳаммарзи худ шомил шаванд. Масалан, Бадахшони Афғонистон бояд бо Бадахшони Тоҷикистон, Қундузу Тахор ва Бағлон бо вилояти Хатлон, Мазори Шарифу Самангон ҳамчун вилояти нав бо номи Балх ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шаванд. Ӯ ният дорад,ки ин пешниҳоди худро ба Луи Ҷирга, ҷаласаи доимоамалкунандаи ақвому қабоили Афғонистон пешниҳод намояд. Тавре jindopress иттилоъ додааст, то ҳол вокуниши мақомоти расмии ин кишвар ба ин пешниҳод маълум нест.

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Меҳроз 02.04.2020 16:08

    Ин як дурӯғи рӯйи рост аст зеро соли гузашта ҳам дар ҳамин рӯз яъне 1 — уми апрел ҳамин гуна хабарро хонда будам лекин бе натиҷа буд, хуб мешуд агар дар охир ҳазл буданашро қайд мекардед хабарнигори мӯҳтарам (а)

  2. ahmadzai 03.04.2020 03:48

    Ин орзуҳо шуморо ба қабр мебаранд. Мо паштунҳо ин сарзаминро дорост. Шумо мардуми муҳоҷири тоҷик. Барои мо, афғонҳо, душвор нест, ки кишварро ба номи Тоҷикистон забт кунанд. Он дар давоми 24 соат забт карда мешавад.

  3. Далер 06.04.2020 15:57

    Аҳмадзай фикр мекунам филҳои ҳинди зиёд тамошо кврдаи….
    Оғо, аввал толибонро шикаст диҳед, 24 соат на 24 сол шуд ки меҷангед….
    Ғайра аз ин ин Ғани аст ки манфияти тоҷикони Афғонистонро нодида мегирад.
    Ҳамаи курсиҳоро ба паштунҳо тақсим кард. Дар интихобтҳам баранда нашуд. Бояд равад аз ҳукумат.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.