Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марз: Азим Иброҳим бо Жениш Раззоқов паси дарҳои баста чӣ гуфтанд?

Аз соли 2019 ба соли 2020 муаммои сарбаста – мушкили марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон мерос монд ва сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ Соли навро бо муноқишаҳои нав ба нав пешвоз гирифтанд…

Силсиламуноқиша

Муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар оғози моҳи январ ба чунин тартиб сурат гирифтанд:

-Субҳи 8 январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Боткон хонаи истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ задаанд, ки дар натиҷа бино корношоям гаштааст.

9 январи соли 2020, соати 21.20 шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе ба мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ» Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор дода, шишаҳои онро шикастанд.

-Шаби 9-ум ба 10 январи соли 2020 тахминан аз соати 02:00 то 02:30 дар марз тирпарронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз сурат гирифт, ки мувофиқи маълумоти расида бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников паронида шудаанд. Тирпарониҳои бетартибона танҳо соати 02:30 баъд аз дахолати намояндагони ВКД ва Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя қатъ гардидааст.

-10 январи соли 2020, соати 17:15 дақиқа, сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти «Оқсой»-и ноҳияи Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон Сайдалӣ Нарзиев аз боми манзили истиқоматии худ  санг партофта, тирезаи нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёнро шикастааст.

-Соатҳои 00:30 то 00:50 дақиқаи шаби 11 январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти «Оқсой»-и ноҳияи Бодканд бо мақсади тарсонидани сокинони маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара аз силоҳи шикорӣ қариб 15 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

-Ҳамзамон, соати 01:50 дақиқа гурӯҳи сокинони маҳаллаи Коктош манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониён Давлатбой Насриддиновро сангборон намуда, аз яроқи шикорӣ ба дарвозаи ӯ тир холӣ карданд.

Гирдаҳомоӣ дар Бишкек

Муноқишаҳои сарзада бо дахолати сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12-уми январ қатъ карда шуданд. Ба иттилои сарҳадбонон авзоъ дар марзи ду кишвар мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад.

Ба иттилои мақомоти қудратӣ Раёсати ВКД-и вилояти Боткон силоҳу аслиҳаи сокинон мусодира шуда, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд.

Рӯзи 13-уми январ чанд нафар дар Бишкек гирдиҳамоӣ карданд ва озодии боздоштшудаҳоро талаб намуданд.

Соли 2019: 14 муноқиша, 7 кушта ва 60 захмӣ

Иқбол Тешаев, сухангӯйи шаҳри Исфара ва яке аз инъикоскунандагони асосии муноқишаҳои марзӣ воқеаҳои нохуши дар аввали соли равон рухдодаро идомаи силсиламуноқишаҳои соли 2019 арзёбӣ мекунад.  

«Давоми соли 2019 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон 14 маротиба муноқишаю тирпаронӣ рух додааст, ки дар натиҷа, 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта, зиёда аз 60 нафар маҷруҳ шудаанд»- мегӯяд мавсуф. 

Ҳамчунин, Иқбол Тешаев дар сар задании муноқишаҳо сарҳадбонони қирғизро гунаҳкор меҳисобад:

«Сокинони маҳалҳои наздисарҳадии деҳоти «Чоркӯҳ» ва «Ворух» дар тарҳрезӣ ва рухдоди ин ҳодисаҳои иғвогаронаю моҷароангез беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла сардори Дидбонгоҳи «Кок-Тош» Мирбек Султанбековро сабабгору гунаҳкор меҳисобанд».

Нигаронии Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов

Ҳайати Ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим шоми 13 январ барои гуфтушунид бо ҷониби Қирғизистон ба шаҳри Исфара сафар кард.

Дар ин сафар муовини сарвазирро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд. Музокироти Азим Иброҳим бо ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов 14 январ баргузор шуд.

Ба ҳайати музокироти Қирғизистон низ роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти сарҳади давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва инчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ шомиланд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ дар оғози вохӯрӣ журналистонро ҳамагӣ барои чанд дақиқа иҷозат доданд, ки дар рафти музокирот ширкат кунанд, вале баъдан гуфтушунид паси дарҳои баста сурат гирифт.   

 Ҷениш Раззоқов пеш аз оғози музокирот дар Исфара гуфт, ки тоҷикону қирғизҳо «дӯсту бародар ҳастанд, вале ҳалли масъалаи марз аввалиндараҷа аст». Ҳамчунин, ӯ муноқишаҳои сокинони наздисарҳадиро яке аз мавзӯъҳои «дарднок» ва мавзӯи асосии музокирот унвон кард.

Азим Иброҳим, низ аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ намуда, зарурати муайян кардани хатти марзро ба миён овардааст.

Вале коршиносон бенатиҷа будани музокиротро аллакай пешгӯйӣ мекунанд ва далели инро дар якдаст набудани Ҳукумати Қирғизистон арзёбӣ менамоянд. Зеро дар баробари ин ки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ҷаласа оростаанд, Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон низ масъалаи марзро дар як ҷаласаи хос ба баррасӣ гирифта, масъулони марзбонӣ ва Вазорати корҳои хориҷии кишварашро барои ташреҳи вазъи марз бо Тоҷикистон ҳозир кардааст.

Қадамҳои ибтидоӣ

Дар рӯзи дуввуми музокирот ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ин тавофуқ расиданд, ки аз 467 километри марзи баҳсӣ дар навбати аввал 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Ин аввалин ҷаҳиши амалӣ дар ин баҳсест, ки ҳудуди 40 сол ба ин сӯ идома дорад.

Ҳамчунин, маълум шуд, ки дар музокироте, ки 12 соат идома кард, пас аз баҳсу баррасиҳо проткол ба имзо расид, ки бино ба он, гуруҳҳои корӣ муваззаф шуданд лоиҳаи хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар қисматҳои боқимондаи баҳсӣ омода кунанд.   

 Мерос аз Иттиҳоди Шӯравӣ

Мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон мерос аз Иттиҳоди Шӯравӣ аст, зеро бо гузашти 27 сол аз суқути СССР аз 971 километр марзи мустақими байни кишварҳо ҳамагӣ 400 километри он пурра таъин ва аломатгузорӣ шудаву халос.

Мақомоти ду кишвар дар 8 соли охир машғули  таъин ва аломатгузории қисматҳои баҳсии марз ҳастанд, вале дар ин кор пешрафте ба назар намерасад.

Аксари ин қитъаҳои баҳсӣ дар марзи Исфараву Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд ва муноқишаҳои марзӣ низ асосан дар ҳамин қитъаҳои баҳсӣ рух медиҳанд.

Соли 2019 дар натиҷаи муноқишаҳои пай дар пай Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара сафар кард ва бо ҳамтои қирғизаш дар марз мулоқот намуд. Бо он ки ҷонибҳо барои ҳалли ин мушкил изҳори умедворӣ карда буданд, вале вазъ ҳамоно муташанниҷ боқӣ монд. 

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.