Масҷидҳои Арабистони Саудӣ ба рӯи намозгузорон боз шуданд

Кушода шудани дари масҷидҳо дар Арабистони Саудӣ баъд аз чанд моҳи танаффус сурат гирифт. Айни замон ба мардум дастур шудааст, барои эмин мондан аз сирояти коронавирус, меъёрҳои сахти беҳдоштиро риоят кунанд. Шаҳри Макка, зиёратгоҳи мусулмонон ба рӯи мардум баста мемонад.

Масҷид-ул-Ҳаром дар Байтулмуққадас, ки баъд аз Маккаву Мадина саввумин макони муқаддас барои мусулмонон ба ҳисоб меравад, боз шуд. Ин масҷидро моҳи март бастанд. Дар Арабистони Саудӣ 90 ҳазор масҷидро баъд аз поксозӣ аз вирусу микробҳо бо маводи зиддиуфунӣ боз карданд.

Вазорати умури исломӣ гуфт, ба мардум миллионҳо паёмак фиристода ва огаҳ кардааст, ки ҳангоми ибодат ва намозҳои дастаҷамъӣ меъёрҳои беҳдоштиро рияот кунанд. Аз ҷумла фосилаи думетриро нигаҳ доранд, ҳамеша ниқоби тиббӣ дошта бошанд ва вақти салом кардан ба ҳам даст надиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *