Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Масчоҳ аз ваксинаи зидди короновирус танқисӣ мекашад

Ноҳияи Мастчоҳ, ки яке аз ноҳияҳои сераҳолӣ дар Суғд аст, аз ваксиани зидди коронавирус танқисӣ мекашад. Бино ба иттилои сартабиби КАТС-и ноҳия ҳамагӣ 300 мояи ваксиана ба онҳо дастрас гардид, ки аллакай тамом шудааст.

Ин мавзӯъ дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Мастчоҳ ба миён гузошта шуд. Гуфта шуд, ки ҳамагӣ 50%-и кормандони тиб аз ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон эм шудаанд. Ба иттилоъи мақомдорони ноҳияи Масчоҳ ҳамагӣ 300 воя ваксина ба ноҳия ворид гардидаасту халос.
Вазъи кунунии эпидемиологии ноҳияи Мастчоҳ зери назорат буда, беморони мубталои коронавирус асосан дар хона табобат мегиранд. Аз гуфтани шумораи гирифторони илтиҳоби шуш ва коронавирус дар ноҳия мақомдорон худдорӣ намуданд ва вазъиятро мӯътадил арзёбӣ намуданд. Ин дар ҳолест, ки раиси ноҳияи Мастчоҳ аз сабаби бемории то ҳол ба мо номаълум дар нишасти матбуотӣ, ки шоми 14 июл баргузор гардид, натавонист иштирок варзад. Муовин оид ба корҳои иделогии ноҳия низ ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки мавҷи дуюм паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиддат гирифта, мақомоти Суғд низ пештар ба хабарнигорон аз омода намудани зиёда аз 1000 кати табобатӣ барои беморони коронавирус гуфта буданд.
Фаррух Усмонов, вилояти Суғд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.