Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мавсими харбуза расид, санги гурда афтид

Бемории санги гурда ва пешобдон оё имконият дорад, ки онро бидуни истеъмоли ҳаб (дору) ва ҷарроҳӣ табобат кард?

Пайдоиши санги гурда, асосан аз нодуруст истеъмол кардани ғизо, нодурустии ҷимоъ ва зӯромад ба миён меояд. Касоне, ки гирифтори санги гурдаанд, бояд бидонанд, ки пас аз беҳбуд бояд аз истеъмоли шир, мост (ҷурғот), дуғ, панир, исфаноҷ, чой, қаҳва, шоколад ва витамини зиёд то ҳадди мумкин парҳез намоянд. Субҳ, нимрӯзӣ ва шом ҳар бор як қошуқи ошхӯрӣ аз гиёҳи бӯйимодаронро дар як стакани оби ҷӯш дам кунеду бо каме шакар истеъмол кунед, то замоне ки сангҳо дафъ гарданд.

Идомаи табобат на камтар аз 10 рӯз бошад. Агар Шумо ду ё се рӯз ин амалро идома диҳеду тарки он кунед, шифо нахоҳед ёфт ва ҳамзамон дар рафти табобат ҷиддан парҳезро риоя кард.

Субҳу нимрӯзу шом як ё ду қошуқи чойхӯрӣ куфтаи барги тутро дар як пиёла об маҳлул карда биҷӯшонеду дам кунед ва бо каме шакар истеъмол кунед, ин амалро то афтодани санг идома диҳед.

6,5 ё 7 гр кӯфтаи пӯсти хушки харбузаро дар як стакан шарбати қанд рехта истеъмол кунед. Дар мавриде, ки пӯсти хушки харбуза дар даст надоред, метавонед пӯсти харбузаи тозаро ҷудо кард ва онро ҷӯшонида аз он шарбат ё ғализе (ғафс шудан) омода кард, то бемор як стакан аз онро истеъмол кунад.

Хӯрдани харбуза дар байни ду хӯрок ва мағз ва атрофи тухми харбуза барои дафъи санги гурдаву масона муфид аст.

Пӯсти харбуза барои дафъи санге, ки дар маҷрои пешобгузар қарор дошта бошад, айни муддаост.

Бояд донист, ки мизоҷи харбуза гарму тар аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.