Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Масква: Як тоҷири тоҷикро кушта дигараш захмӣ карданд

Шоми 2 май дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона як соҳибкори тоҷик кушта ва якеи дигар сахт захмӣ шудааст. Анварҷон Ибодов ва Акбарҷони Акрамҷон дар фурӯшгоҳ ё бозори “Москва” дар минтақаи Люблино ба тиҷорат машғул буданд.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия хабар дод, ки шоми 2 май ду соҳибкори тоҷҷик дар шаҳри Маскав ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки дар назди корпуси аввали бинои рақами 37 дар кӯчаи Верхнее поле дар пойтахти Русия сурат гирифт,Анварҷон Иноятович Ибодов, санаи таваллудаш 10.04.1985, зодаи ноҳияи Хуросон кушта ва Акбарҷони Акрамҷон, санаи таваллудаш 01.03.1993, захмӣ шудааст.

Анварҷон Ибодов ва Акбарҷони Акрамҷон дар ТЯЦ “Москва”, як фурӯшгоҳ ё бозори маъруф дар минтақаи Люблино машғули тиҷорат буданд.

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия гуфтааст, ҳардуро баъди ин ҳамла бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони ГКБ № 68-и ноҳияи Люблино бурдаанд, вале “Анварҷон Ибодов дигар ба ҳуш наомада, аз дунё гузашт. Ҷасади ӯро ба мурдахона бурдаанд. Акбарҷони Акрамҷонро рӯзи 3 май аз бемористони ГКБ № 68 ҷавоб додааанд.”

Наздикони Анварҷон ва Акбарҷон гуфтааанд, дар пушти гурӯҳе, ки ин сӯиқасд ба ҷони ин ду соҳибкори тоҷикро ташкил кард, “мафия”-и тоҷикҳои бозори Люблино истодааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.