Масъулин, мардум дар ин хунукӣ чӣ кор кунанд? (видео-пурсиш)

10-уми январ аз саҳмияҳои НБО-и “Роғун”-ро харидорӣ кардани тоҷикистониён 11 сол пур мешавад. Аммо то ҳол тақдири саҳмияҳо барои мардуми кишвар норӯшан аст.

Ин дар ҳолест, ки 5-уми январ Ширкати “Барқи тоҷик” бо як муроҷиатнома хабар дод, ки дар деҳоти Тоҷикистон лимити барқ аз соати 23:00 то 06:00 оғоз мешавад. Вобаста ба ин хабарнигори Pressa.tj ба кӯчаҳои Душанбе баромад ва аз мардум пурсид, ки агар лимити барқ дар биноҳои баландошёна ҳам ҷорӣ шавад, чӣ кор мекунанд?

Мо аз забони роҳгузарон чунин посух гирифтем:

— Худо накарда, лимити барқ дар биноҳои баландошёна ҷорӣ нагардад, вагарна аз ҳама зиёд кӯдакон азоб мекашанд;

— Масъулин намегӯянд, ки мардум дар ин хунукӣ чӣ кор мекунанд?;

— Мо фикр мекунем, ки ин тавр намешавад, зеро дар биноҳо бе барқ зиндагӣ карда намешавад;

— Агар ин хел шавад, мардум ҳалок мешаванд;

— Иншоаллоҳ чунин намешавад;

Тавре мебинед, мардуми мо бисёр хушбинанд ва ҳамеша ба чароғон будани хонаҳояшон умед мебанданд. Бигзор чунин бошад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *