Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маводи мухаддир дар дохили бодом

Кормандони гумруки Панҷи Поён як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири навъи героинро ба миқдори  беш аз 2 килограмм аз дохили бодоми ордак ошкор ва пешгирӣ намуданд. Дар ин борамаркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

 Бино ба гуфтаи манбаъ гумрукчиёни тоҷик зимни азназаргузаронӣ ва муоинаи  гумрукии бағоҷи дастии  шаҳрванди 32 –солаи Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ аз  зери либосҳои дохили ҷомадони ӯ 2 бастаи селофании «бодоми ордак», ки дар ҳар як баста 3-тогӣ халтачаҳои селофани сафед мавҷуд буд,  дарёфт намуданд. Ҳангоми  кушодани бастаҳои селофании «бодоми ордак» аз дохили бодомҳои ордакдор маводи хокистарранги дорои бӯйи ғализи дар селофанчаҳо печонидашуда  ошкор карда шуд.

Дар асоси хулосаи маълумотномаи экспертизаи судӣ-кимиёвии шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи аз дохили «бодоми ордак» дарёфтгардида ба маводи нашъаовари навъи героин мансуб буда, вазни холиси он 2 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.