Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мавзуна Чориева: Занҳо ба айби худ шиканҷа мешаванд

Муштзан Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон ва мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зимни як мусоҳиба дар барномаи “Меҳмони нохонда”-и сомонаи oila.tj тафсилоти ба садама гирифтор шудан ва ошиқ шуданашро нақл кард. Фишурдаи он суҳбатро пешкаши шумо мегардонем.

-Мавзуна, мехоҳам суҳбатамонро аз вазъи саломатиатон шурӯъ кунем. Чун чанде пеш ба садама гирифтор шуда будед…

-Шукр, ки саломатиам хуб аст. Ҳоло пурра ба худ омада, пайваста

тамрин мекунам…

-Дар варзишгоҳ тамрин мекунед ё дар хона?

-Ҳам дар хона ва ҳам дар варзишгоҳ, зеро якмаром нигоҳ доштани ҳолати бадан душвор аст. Бинобар ин ман пайваста машқ мекунам.  Ҳатто агар маро ба ягон тӯю маърака даъват кунанд ҳам, аввал машқ карда меравам, зеро дар он ҷо калорияи зиёдро истеъмол мекунем, ки барои варзишгар хуб нест. 

-Мебинам, ки баъди садама ҳам мошин меронед… Шавҳаратон монеи мошин ронданатон нашуданд?

-Бале… Ба садама дучор шудани ман ногаҳонӣ буд, зеро ман ронандаи таҷрибадор ҳастаму эҳтиёткор. Дар гузаргоҳ зане ногоҳ ба тарафи роҳ давид ва ман ӯро зер накунам гуфта, мошинро ба дигар самт тоб дода, зери мошини боркашонӣ мондам. Худоро шукр, ки касе осеб надид ва худам низ ҷон ба саломат бурдам. Албатта, шавҳарам ба ман иҷозаи дубора рондани мошинро доданд.

-Барои ман ҷолиб аст, ки чӣ гуна шумо хонадор шудед, зеро бо зани муштзан оиладор шудани мард душвор аст…

— Вақте ки ман дар синфи ҳафтум мехондам ва ҳоло ҳеҷ кас маро ба унвони “чемпион” намешинохт, шавҳарам маро ба ҳайси ҳамсари ояндааш интихоб карда буд. Яъне, хонадории мо бо муҳаббат оғоз шуд ва самари зиндагиамон духтарчаамон Асияҷон аст.

-Яъне, шумо ошиқ шуда ба шавҳар баромадед?

-Шумо маро маҷбур мекунед, ки айни замон ба шавҳарам изҳори муҳаббат кунам. Албатта, дар оилаи тоҷикон ишқу муҳаббат фарқ мекунад… Дар мавриди дӯст доштан бошад, бале шавҳарамро дӯст медорам. Агар дӯст намедоштам, дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба шавҳар намебаромадам. Агар эшон ҳам маро дӯст намедоштанд, ҳафт сол якҷоя зиндагӣ намекардем… Шукр, ки зиндагии мо обод асту ман хушбахт ҳастам. 

-Агар раваду Мавзуна сахт хашмгин шавад, шавҳарашро мезанад?

-Не, албатта. Агар ман сад маротибаи дигар муштзани ҷаҳонӣ шавам ҳам, шавҳар шавҳар аст. Ман ҳатто боре ҳам фикри даст бардоштанро намекунам. Моро чунин тарбия додаанд, ки ҳар касе набошӣ, ҳурмату иззати шавҳарро  дар мадди авал гузор. Дигар ин ки шавҳари ман варзишгар аст ва шояд зӯрам ба ӯ намерасад (механдад).

— Солҳои охир занҳои ҷавон бештар мавриди шиканҷаи шавҳарон ва аъзои оила қарор мегиранд. Шумо барои пешгирии зӯроварӣ чӣ тавсия медиҳед? Оё шавҳаратон боре ба саратон мушт бардоштааст?

-Не. Шаллоқхӯрии занҳои ҷавон бештар аз рафтору кирдори худи онҳо вобаста аст. Масалан, худи ман ҳангоми шавҳар карданам ба ғайри бокс дигар ягон корро карда наметавонистам. Хушдоманам ба ман ҳама кори хонаро модарвор омӯзонданд. Худоро шукр мекунам, ки то ҳол на аз шавҳарам ва на аз ягон нафар аъзои оилаи ӯ мавриди озор қарор нагирифтаам ва ҳарфи бад ҳам нашунидаам. Дигар ин ки эҳтироми ҳамдигар зиндагиро осуда мекунад, таҳдиду таҳқир не. Сабур будан хуб аст.

-Шавҳаратон дар  корҳои  хона ба шумо ёрӣ мерасонад?

— Пухтупаз намекунад, хона намерӯбад (механдад), аммо дар корҳои дигар ба ман ёрӣ мерасонад.

-Шумо рақсидан ё суруд хонда метавонед?

-Ман  ба ғайри муштзанӣ дигар ягон кор карда наметавонам. Аз хурдиам сароиданро дӯст намедоштам. Ҳама санъаткорони тоҷикро меписандам, вале аз ҳама зиёд сурудҳои сарояндагон Гулчеҳра Содиқова, Одина Ҳошим ва Давлатманди Холро гӯш мекунам.

-Боре шудааст, ки рақибатон шуморо  дар мусобиқа ба “накаут” фиристода бошад? Дар он ҳолат чӣ ҳис кардаед?

-Албатта. Дар 180 муҳорибаам ғалаба низ буду шикаст ҳам. Вақте аввалин маротиба як рақибам маро ба “накдаун” фиристод, дар зеҳнам чӣ намуди мевае, ки медонистам, пайдо шудан гирифт… Ин як ҳолати хеле бад аст. Ҳамон лаҳза дилам ба ҳама рақибонам,ки ба “накаут” фиристода будам, сӯхт… 

-Муҳорибае, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯшаш карда наметавонед, кадом аст?

-Ҳар як муҳориба барои варзишгар муҳим аст. Боре қарор буд бо як варзишгари Афғонистон ба ринг бароем. Ман пеш аз муҳориба фикр мекардам, ки ӯро дар як сония мағлуб мекунам, вале вақте ки рақибамро аз наздик дидам, ҳуш аз сарам парид. Ӯ сиёҳпуст буду ҷуссааш  ду маротиба аз ман бузургтар. Ман ба ӯ салом додам, вале дар ҷавобам ӯ бо забони англисӣ “what?” гуфт. Ман давида ба назди устодам омада гуфтам, ки ин духтар афғон нест… Вале ба ҳар ҳол муҳориба сурат гирифту ман ғолиб шудам. Рақибам бошад, гиря мекард, ки маро як тоҷикистонӣ мағлуб кард… Ҳисси ғалаба ҳамеша ифтихорангезу ширин аст. Бигзор варзишгарони мо ин шаҳдро ҳамеша чашанд.

Мусоҳиб Шабнам Тоҳирӣ

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Anonymous 15.12.2019 11:41

    Сарлавха бочавоби варзишгар мувофикат намекунад. Муаллиф занхоро барои щиканча дусор шуданашон айбдор мекунад. Ин фикри муаллиф аст на варзишгар!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.