Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Маъюб”-е дар Душанбе боздошт шуд

 Як сокини шаҳри Ваҳдат дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, ки аслан солим аст, худро маъюб нишон дода, ба талбандагӣ машғул мешуд.

Ин нафар Зиёев Муборакшо Икромҷонович,  соли таваллудаш 25. 12. 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошад. Номбурда дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо (чигас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард.Тавре ки аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки Зиёев Муборакшо Икромҷонович дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.

Нисбати номбурда барои ин амали нанговараш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати Зиёев Муборакшо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Масуда 19.12.2019 10:30

    Аз қавми ҷӯгиёни ш. Ваҳдат будагист ин гадобача. Боварии кас намеояд бо ҳамин зӯру бозу ин ҷавон ба ин кори паст даст занад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.