Медалҳои биринҷии боксчидухтарон Сумая ва Идимоҳ

 

Сумая Қосимова ва Идимоҳ Холова, варзишгарони навраси тоҷик, ки шогирдони ҷойизадори биринҷии ОлимпиадФа-2012 Мавзуна Чориева маҳсуб меёбанд, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» миёни боксчидухтарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳарду маштзани навраси тоҷик ба даври нимфиналии мусобиқа, ки дар кишвари Ёқутистони Русия мегузарад,  роҳ ёфта буданд. Вале  дар ин марҳила аз рақибони русиягӣ  шикаст хӯрда, дар натиҷа ҷойҳои сеюмро касб карданд.

 Бояд гуфт, ки ҳарду шогирдони Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, мебошанд ва дар ин Бозиҳо ҳамроҳи мураббиашон ширкат доранд.

Дар ҳамин ҳол ҳамагӣ 26 даста медалҳои Бозиҳоро ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 43 даста дар ҷойи 22-юм қарор дорад. Ду медали биринҷии мунтахаби Тоҷикистон баъди супурдани онҳо ба духтарони муштзан дар рӯзи маросими супурдани ҷоизаҳо дар риштаи бокс ба ҳисоб гирифта мешавад.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев аз соли 1996 барои бори шашум баргузор мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *