Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Меваҳои субтропикии “Ҳоҷӣ Аслон” аз “Тоҷикстандарт” нагузашт

Беш аз панҷ ҳазор кило меваҳои субтропикии вайроншуда — ананас ва манго таҳти низоми гумрукии «нобудкунӣ» дар партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт»  дар ҳузури намояндаи ширкати «Ҳоҷӣ Аслон» нобуд ва безарар гардонида шуданд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
МангоБояд тазаккур дод, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) тавассути воситаи нақлиёти боркаш, рақами қайди давлатиаш 8944 МR3158 ба унвони ширкати «Ҳоҷӣ Аслон» ба маблағи наздик ба 20 ҳазор доллари амрикоӣ  қариб 22 ҳазор кг мева, аз қабили себ, нок, апелсин,  ананас, анор ва манго ба қаламрави  гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Ҳангоми интиқоли қариб 22 ҳазор кг меваҳои субтропикӣ  4 200 кг ананас  ва 825 кг манго бинобар сабаби вайрон шудан дар асоси хулосаи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» истеъмолашон зарарнок арзёбӣ гардида, ба онҳо сертификати мутобиқат дода нашуд.
Дар натиҷа беш аз 5 ҳазор кг ананас ва манго таҳти низоми гумрукии «нобудкунӣ» ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.