Милиса супориши кудакраборо иҷро мекардааст?Нофаҳмиҳо дар қазияи боздошти кӯдакдуздон

 

Маъмурони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар паи тафтишоти қазияи кӯдакрабоӣ дар таърихи 20 июл ба хулосае омаданд, ки гумонбари асосӣ Матлуба Аҳмедова ба ҳодисаҳои мушобеҳи он дар солҳои пеш алоқае надорад.

Дар Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳодисаи рабудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби Матлуба Аҳмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе дар заминаи хусумати шахсии ӯ бо модари ноболиғ сурат гирифтааст ва ин зан хостааст барои таҳдид кӯдаки ноболиғро гаравгон  гирад. Қаблан  сейфи пулҳои Матлуба Аҳмедова гум шуда будааст ва Аҳмедова ба Фарангис Бадалова таҳдид карда гуфтааст, ки духтарашро нобуд мекунад. Фарангис Бадалова дар маркази масҳ ё массажи зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова як муддат ба сифати мудир  кор карда будааст.Ҷалолиддин Садриддиновсухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  гуфтааст, ки ҳодисаи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби Матлуба Аҳмедова ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ рабт дорад. Вай гуфт, ин зан «ба хотири фишор болои Бадалова ноболиғро гаравгон гирифтааст». Ин зан ва ин ҳодиса ба ҳодисаҳои дигари нопадид шудани ноболиғон дар гузашта рабте надорад,  ба қавли ӯ,вале ҳоло тафтишот идома дорад ва Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) хулосаҳои худро натиҷагирӣ накардааст. Ин хулосаҳо дар натиҷаи тафтишоти пешакии қазияи боздошти Аҳмедова ба даст омадааст, гуфт ӯ. Фарангис Бадаловамодари навраси рӯзи 20 июл рабудашуда гуфтааст, ки рузи 17 июл, яъне як моҳ баъди гум шудани сейф аз маркази масҳи зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова, ин зан ба вай занг зада ба забони русӣ таҳдид кардаст. Бадалова иддао дорад, ки Аҳмедова занг зада ба ӯ гуфтааст: “ман туро ва духтаратро нобуд мекунам». Ман пурсидам, ки «ин таҳдид аст?», вай дар ҷавоб гуфт, ки «ин огоҳӣ аст”. Аз рӯи иттилои Бадалова, дар дохили сандуқ як миқдор пул ва санадҳои Аҳмедова нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 16 июн сандуқи пули марбут ба Аҳмедова аз ин маркази масҳ нопадид шуд ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Бадаловаро ҳамчун гумонбари аслӣ ба бозпурсӣ даъват карда, аз соати 9 субҳ то 9 шом ба ӯ саволҳо додааст. Ба қавли Бадалова, баъди он ки милиса  ба бегуноҳии ӯ бовар карда ӯро дигар дар ин қазия «гумонбар» арзёбӣ накард, Матлуба ба ӯ занг зада нахуст таҳдид ва рӯзи 20 июл дуздии духтарчаашро ташкил кард. Аммо  хабаргузории «Имрӯз-Нюс» дирӯз иттилоъ дод,ки  Кароматулло Маҷидов, нафаре, ки гуфта мешавад, дар ин гурӯҳи сенафара гӯё нақши таксиронро иҷро мекард, дар асл сабабгори фош    гардидани ҷиноят шудааст. Маҷидов дар баробари кор дар ВКД Тоҷикистон, гоҳ-гоҳ ба ҳайси ронандаи таксӣ ҳам кор мекардааст. Маҷидов гуфтааст, ки бо сабаби доштани қарзи бонкӣ дар вақтҳои холигиаш таксиронӣ мекунад ва ҳамин кор ҳам сабаб шуд, ки ду сол пеш бо Аҳмедова шинос шуд. Маҷидов, аз рӯи арзёбиҳои тафтишоти муқаддамотӣ, рӯзе аз Аҳмедова супориш мегирад, ки духтарчаи ҳафтсолаеро, ки аксашро ҳам ба ӯ ин зан нишон додааст, аз минтақаи «Садбарг» гирифта, то ба маҳаллаи «Зарафшон» биёрад. «Бар ивази ин ба ронанда 2000 доллар пул ваъда шудааст». Маҷидов, ба қавли милиса, ниятҳои ҷиноятпешаи ин занро пай бурда, сари вақт ба раҳбарияти худ дар вазорат ин ҳодисаро нақл кард ва баъдан худ, ба ҳайси иҷрокунандаи супориши Аҳмедова, вале дар асл ходими милиса, дар боздошти ин зан ширкат кард. Се нафар аз аъзои ин гурӯҳи одамрабо  рӯзи чоршанбеи 20-уми июл замоне боздошт шуданд, ки як духтарчаи 7-соларо бо номи Ф.Б дуздиданӣ буданд. Ба иттилои ин манбаъ, ин ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дар ҳамон мавзее рӯй додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳои 5-сола ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд. Ин ду ҳодисаи мудҳиш бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз назари набуди амнияти кӯдакон дар кишвар шокӣ ва нигарон кард.Бо  талошҳои кормандони фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД духтарбачаи рабудашуда баъди тақрибан 20 дақиқаи рабуда шуданаш озод карда шуд, сокини ҳамон бино ва аз ҳамсояҳои Араловаҳо будааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки раҳбари ин гурӯҳи ҷиноӣ Матлуба Аҳмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе ва муассиси маркази масҳи «Маҳдия» дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе мебошад. Як узви дигари ин гурӯҳ — корманди тиб Ғиёсов Раҳмоналӣ Эмомалиевич, бародари шафқати маркази тибби шаҳрии воқеъ дар маҳаллаи Советскии шаҳри Душанбе мебошад. Тафтишот маълум кардааст, ки ин гурӯҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта ва Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шуданаш бояд ба он манзил мебурданд. Ҳангоми кофтуков аз ин манзил асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруву ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандоруи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеи мадҳушкунанда омехта шудааст. Нисбати Матлуба Аҳмедова ва аъзои ин гурӯҳ бо моддаи 130-и қонуни ҷиноӣ, яъне одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда таҳқиқ идома дорад.Аммо то ҳол қазияи мазкур шарҳи асосии худро наёфтааст ва маълум нест, ки кадоме аз ин версияҳо дурустанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *