Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Милисаи атласпӯш, ба мантиқ рост меояд? Меояд!

Дар Тоҷикистон пӯшоки нави идона ва саҳроӣ барои кормандони занони милиса муаррифӣ шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттлиои манбаъ, пироҳанҳо аз атлас ва адрас бо услуби миллӣ ва урупоӣ сохта шудаанд ва ин пироҳанҳоро тарроҳони вилояти Суғд таҳия кардаанд.
Ин либоси ҳарбии саҳроӣ барои кормандони милиса дар шакли камуфляж дӯхта шудааст

Вазорат афзудааст, ки ин либосҳо зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар Гулистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шудаанд.
Шояд ба наздикӣ мо дар кучаҳои шаҳрҳоямон милисаҳои атласпушро бинем, ки ба қавли корбарони шабакаҳи иҷтимоӣ “бо як табассум ва куртаи атласи шинам дар тан” ҷинояткорро беяроқ мегардонанд…

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.