Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Миллиардери ӯзбек ба карантин гирифта шуд

Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов мегӯяд, ки шомили гуруҳи осебпазир аз коронавирус мебошад. Ҳоло Алишер Усмонов дар ватани таърихияш — Тошканд қарор дорад.

Ӯ дар суҳбат бо Forbes Russia изҳор доштааст, ки пеши пандемияи коронавирус ҳама баробаранд ва дар ин вақти мушкил талафоти молӣ аҳамияти охириндараҷа дорад. Миллиардер таъкид кардаст, ки коронавирус на танҳо ба тиҷорат, балки ба тамоми бозори ҷаҳонӣ зарба зад.

“Бидуни шак, пандемияи коронавирус ба тиҷорат ва ҳамчунин мутаассифона ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир дорад. Соҳибкорон на танҳо дороиҳо, балки уҳдадориҳо низ доранд. Барояшон ҳам вирус ва ҳам мавҷи иттилоотие, ки бозорҳоро ба талотум меорад, хатар дорад. Пеши пандемия ҳама баробаранд, Худо насиб кунад, ки ҷон ба саломат барем”, — таъкид кардааст Усмонов.

Ӯ муҳим хондаст, ки барои саломатию хушбахтии одамон роҳбарони давлатҳо ирода нишон диҳанду сарфи назар аз мухолифатҳои геополитикӣ дар баробари ин хатари ҷаҳонӣ муттаҳид шаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.