Образи миллионеру миллиардерҳоро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад, вале миллиардери машҳури амрикоӣ Чак Фини ба тасаввури кас намеғунҷад, зеро ин марди сарватманд дар суратҳисоби бонкиаш 7,5 миллиард доллар дошта бошад ҳам, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад…

 Раҳмдили бемошин

Чак Фини шояд дар саросари ҷаҳон ягона миллиардере бошад, ки мошини шахсӣ надорад ва ҳангоми сафар кардан тавассути тайёра танҳо дар эконом- класс бо ҳамагон парвоз мекунад. Шояд шумо гумон кунед, ки Чак Фини бисёр хасиси мурда аст ва пул сарф кардан намехоҳад? На, ғалат мекунед!

Фини пулҳояшро дар лоиҳаҳои гуногуни хайриявӣ дар сар то сари ҷаҳон сарф мекунад. Бо шарофати накукориаш ин мӯйсафеди 81-сола лақаби “Миллиардери раҳмдилтарини ҷаҳон”-ро гирифтааст.

Асрори бой шудани Фини

Чак Фини пас аз ҷанги Корея барои омӯзиш ба Амрико сафар карда, ихтисоси корманди меҳмонхонаро гирифтааст. Пули таҳсилашро ӯ аз ҳисоби маблағҳое, ки Ҳукумат ба афсарони собиқ барои гирифтани маълумоти олӣ ё кушодани тиҷорати хурд медод, пардохт мекард. Дар давраҳои гул-гулшукуфоии Ҷопон Чак Фини дар Фаронса ба тиҷорат оғоз намуда, якбора чанд мағоза кушод. Вай кӯшиш мекард, ки дар мағозаҳояш духтаракони чеҳраи осиёидоштаро ба кор ҷалб намояд. Сайёҳони ҷопонӣ бо дидани фурӯшанда-хонумҳои сиёҳчашму сиёҳмӯ обу адо шуда, аз мағозаҳои Фини бо майли том сувенир, сигор, коняк ва дигар маҳсулотро харидорӣ мекарданд.

Ҳамин тавр, тиҷорати Чак рӯз то рӯз васеътар гашта, ширкаташ хеле бузург шуд ва дар 27 кишвари дунё филиал кушод. Акнун зери сарварии ин марди кордон беш аз 2000 нафар кор мекард ва ҳамагӣ аз сардори худ розӣ буданд.

Фани молики «Duty Free Shops»

Барои ба даст овардани имконияти ба роҳ мондани тиҷорат дар ҷазираи Сейпан соли 1979 Фини бо пули худаш фурудгоҳи замонавӣ сохт, ки дар сохтмони он беш аз 5 миллион доллар сарф шудааст. Ин марди корчаллон, ҳамчунин молики силсила мағозаҳои машҳури «Duty Free Shops» мебошад, ки молҳои он ба доираи молҳои аз андози аксизӣ озод ворид мешаванд. Азбаски аз ин молҳо андоз ситонида намешавад, нархи маҳсулоташ назар ба дигар марказҳои савдо ду баробар арзонтар аст. Чак Фини аз ин ҳисоб даромади калон ба даст меорад, вале ӯ мисли дигар миллиардерҳо пулҳояшро дар бонк ва суратҳисобҳои хориҷӣ ҷамъ намекунад.

$6 000 000 000 дар роҳи хайрия

Тамоми даромади софашро ин марди саховатманд дар тӯли 30 соли фаъолияташ ба фонди хайриявии хеш гузаронида, дасти ҳазорон нафар бечораю ятиму афтодаро гирифтааст. Дар давоми 30 сол зиёда аз 6 миллиард долларро ба корҳои ХАЙР сарф намуда, Чак Фини лақаби “Миллиардери саховатмандтарини дунё”-ро гирифт. Ин қадар маблағи калонро ҷаноби Фини барои соҳиби маълумоти олӣ гаштани кӯдакони ятим, оилаҳои камбизоат, хонаҳои пиронсолон ва табобати одамони ночору нотавон дар ИМА, Австралия, Ветнам, Африқои ҷанубӣ, Ирландия сарф карда бошад ҳам, ба дараҷае хоксор буд, ки ягон бор дар бораи некиҳои дар ҳақи фақиронкардааш ба касе лаб намекушод. Ин миллиардери саховатманд аз рӯи гуфтори “бо дасти ростат   чунон деҳ, ки дасти чапат нафаҳмад”, амал намуда, кӯшиш мекард, ки ҳамеша ба қавле  “дар соя” бошад. Бисёр муассисаҳо ҳатто намедонистанд, ки чунин маблағи калонро ба онҳо кӣ ва аз куҷо гузаронидааст.

«Forbes» сирри Финиро фош кард

Соли 1998 журнали «Forbes» дар саҳифаҳояш дар бораи маҷмӯи мағозаҳои «Duty Free Shops» маводҳо нашр карда, ташкилкунанда ва молики он Чак Финиро дар байни ҳама сарватмандони Амрико саховатмандтарин хонд. Танҳо пас аз чоп шудани мақолаи мазкур номи Фини вирди забони хурду калон гашт. Чак он вақт норозиёна гуфта буд: “Афсус, ки акнун дар забони мардум нишастам”.

Насиҳати Чак ба сарватмандон

Чак Фини аз он ки миллиардҳо доллар пулро ба камбағалон дода, худаш бе мошин ва бе хона мегардад, ягон зарра пушаймон нест. Ин марди некном рисолат ва маънии зиндагии худро дар некӣ кардан ба одамон мебинад. Фини ҳамеша дар суҳбат бо журналистон як ҷумларо такрор мекунад:

— Пулҳои худро ҳангоми зинда буданат харҷ кун, то баъди маргат барои мероси ту пайвандонат даст ба гиребон нашаванд!

 С. Муродов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *