Миннатдорӣ ба Рашид Раҳимов

Дастпарвари футболи тоҷик Рашид Раҳимов, ки солҳои шӯравӣ аз футболбозони шинохта ва маҳбуби Тоҷикистон ба шумор мерафт, солҳои баъдӣ дар ҳайати дастаҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Пас аз ин ба фаъолияти мураббигӣ шурӯъ намуда, солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011 ”Амкар”-и Пермро тамрин додаст. Ӯ аз соли 2013 ин ҷониб сармураббии тими “Терек”-и Грознийи Чеченистон мебошад.
Барҳақ дастаи «Терек» таҳти машқу тамринҳои Рашид Раҳимов дар чемпионати лигаи олии Русия имсол хеле хуб ҳунарнамоӣ дорад ва аз тимҳои пешсафи кишвар ба шумор меравад.
“Терек” 6 ноябр “Зенит”-и пурқувватро дар майдони худ бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Баъдӣ ин пирӯзӣ дастпарварони Рашид Раҳимов соҳиби 24 хол гашта, дар зинаи сеюми ҷадвали чемпионати Русия қарор гирифтанд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ин нахустин мағлубияти “Зенит” дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Русия буда, то ин вақт 8 бозиро бо ғолибият ва 4 бозии дигарро мусовӣ кардааст.
Ҳоло тими “Спартак” бо 31 хол дар ҷойи авал, “Зенит” бо 28 хол дар ҷойи дуюм ва “Терек” бо 24 хол дар зинаи сеюм қарор гирифтаанд.
Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон барои пирӯзии “Терек” бар “Зенит”-и Санкт-Петербург изҳори сипос кардааст: « “Мо барои баргузор кардани бозии диданӣ бо дастаи қавии сатҳи боло аз Рашид Раҳимов миннатдорем”. Соли гузашта Рашид Раҳимов барои муваффақиятҳои даста бо унвони Устоди варзиши Чеченистон сарфароз гардонида шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *