Миралӣ Муродов аз даҳ бозӣ маҳрум шуд

Дарвозабони «Хайр»-и Ваҳдат Миралӣ Муродов, ки ҳангоми вохӯрии дастаашон бо тими «Ҳосилот»-и Фархор  дар даври охирини давраи аввали Чемпионати 25-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 19 июн барои бо сараш сардовари бозӣ Сайвали Турдиев зада буд, бо қарори Кумитаи назоратӣ-инизомии ФФТ аз иштирок дар 10 бозӣ маҳрум ва ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд.

Ҳамчунин, бо қарори Кумитаи назоратӣ-инизомии ФФТ футбулбозони дастаҳои «Парвоз» —  Ёқуб Самадов, «Хайр» — Маҳмадалӣ Содиқов, «Барқчӣ» —  Табрези Давлатмир, «Регар-ТадАЗ» —  Фарҳод Эргашев, «Равшан» —  Насимҷон Исоев, «Сомон» — Хуршед Ҳалимову Самандар Шарипов, «Ваҳдат» —  Фазлиддин Сафаров, «Локомотив» —  Зайдулло Одинаев, «Кӯктош» —  Фазлиддин Сафарзода ва «Ҳулбук» —  Шоҳин Ҷалилов барои шикастани қоидаҳои бозӣ ва дағалрафторӣ аз чанд бозӣ маҳрум гардида, ҷаримабандӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *