Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мирбобоев ба нафақа рафт, Саломиён ба ҷои ӯ таъин шуд

Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардида, ба ҷояш Муҳаммаддовуд Саломиён таъин шудааст.

Муҳаммаддовуд Саломиён қаблан дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият дошт.

Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Pressa.tj гуфтанд, Раҳматулло Мирбобоев ҳоло дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад. Ӯ бо сари баланду обрӯ аз мансаби давлатӣ ба нафақа рафт. Раҳматулло Мирбобоев, номзади илмҳои иқтисодӣ буда, аз соли 2013 то ин замон вазифаи муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистонро бар зимма дошт. То расидан ба мансаби муовини якуми вазир, ӯ декани факултети иқтисод ва идора, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.

Муҳаммаддовуд Саломиён, ки ҳоло муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардидааст, чандин сол устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.