Мирзиёев раҳбарони бонкҳои тиҷоратиро аз маош маҳрум кард

Бо фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон маоши 5-моҳаи раисони бонкҳои тиҷоратии ин кишвар “ба фоида давлат бозгардонда шуд”.

Бо фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон маоши 5-моҳаи раисони бонкҳои тиҷоратии ин кишвар “ба фоида давлат бозгардонда шуд”.

Гуфта мешавад, далели ин иқдом сари вақт тавзеъ накардани маблағҳое будааст, ки барои иҷрои тарҳи “Барои ҳар оила имкони соҳибкорӣ” ҷудо шуда буд.

Дар баёнияи ҳукумати Ӯзбекистон таъкид шудааст, дар 7 марти соли 2019 дар доираи тарҳи “Барои ҳар оила имкони соҳибкорӣ” ва барои пуштибонии молӣ аз ташаббусҳои соҳибкории инфиродӣ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар 6 триллону 200 миллиард сӯм ё ки 700 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шуда ва он бояд дар моҳҳои марту апрел ба соҳибкорони инфиродӣ тавзеъ мешуд.

Ба сабаби саҳланкорӣ дар иҷрои ин тарҳ ва тақсими танҳо 19 дарсади ин маблағ раҳбарони бонкҳои тиҷоратии Ӯзбекистон муҷозот шудаанд.

Дар ин баёния омадааст: “Раиси Бонки марказӣ чораҳои баргардондани маоши 5-моҳаи раисони бонкҳои тиҷоратӣ ва маоши яксолаи раиси бахши Бонки марказӣ дар вилояти Андиҷонро биандешад”.

Феълан дар Ӯзбекистон 29 бонки тиҷоратӣ фаъолият мекунанд.

Зимнан, дар ҷаласаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мутасаддиёни бахши молии кишвар дар рӯзи  10 май мавориди дуздии миллионҳо сомонӣ аз ҷониби кормандони гумруку ниҳодҳои дигар ва фасод дар сохтори давлатӣ  ошкор шуда, вале гунаҳкорон танҳо бо амри “гум шав!” аз ҷазо халос шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *