Мирзо Файзалӣ вафот кард

Мирзо Файзалӣ, шоири халқии Тоҷикистон дар синни 74 даргузашт. 

Бино ба иттилои наздикони шоир қалби ӯ рӯзи гузашта аз тапидан боз мондааст. Маросими видоъ бо Мирзо Файзалӣ имрӯз, 7 декбр дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Маълумотнома

МИРЗО ФАЙЗАЛӢ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд шуда, соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи “Коммуна” (ҳозира “Шаҳриёр”) ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи “Меҳнати коммунистӣ” (ҳозира “Набзи Файзобод”) ва беш аз даҳ сол мудири шӯъбаи маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” будааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдат буд.

Давоми беш аз 40 соли машғул будан ба кори эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ монанди “Шери тағош” (1984), “Кӯршапарак” (1989), “Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ” (1991), “Кайф аз Самак то бар Само” (1996), “Қотили қотилон” (1998), “Сангари номус” (2001), “Бо додҳо, фарёдҳо” (2002), “Чамани ёдҳо” (2004), “Ману Ватан” (2006), “Ба шумо дурӯғу ба Худо рост” (2005), “Шов-шови мардум” (2007), “Гӯри гумшуда” (2008), “Гулхори чида-чида” (2011), “Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст” (2014) аз чоп баромадаанд.

Мирзо Файзалӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дошта, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *