Мирзо Турсунзода — машҳуртарин тоҷики асри ХХ

Ангораҳо аз рӯзгори устод мирзо Турсунзода

Устод Мирзо Турсунзода шахсияти бузурги кишвари паҳновари Шӯро, машҳуртарин тоҷики асри ХХ ва яке аз устодони адабиёти тоҷик мебошад. Банда аз замони кӯдакӣ дилбастаи эҷодиёти устод будам ва ҳамеша шахсияти эшон диққати маро ҷалб мекард…

Барои мо мактаббачагони солҳои 70 ва ибтидои соли 80-и асри рафта чун анъанаи насли калонсол хондану донистани фанни адабиёт ва намояндагони он, ҳаёту фаъолияти онҳо бисёр хушоянд буд ва мо ҳамагӣ кӯшиш мекардем, ки аз шеъру достонҳои ин бузургмардон ҳар чӣ зиёдтар донем. Илова ба барномаҳои таълимӣ, ҳамчунин, аз китобхонаи мактабӣ ва китобхонаи деҳ шахсан куллиёту китобҳои алоҳидаи устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршаккар, Мӯъмин Қаноат, Юсуфҷон Акобиров, Ҳаким Карим, Мунзим, Лоиқу Бозор ва дигаронро дастрас намуда, бо як ҷиддияти том аз онҳо илҳом гирифтаам.Аз он давраи шӯру шавқи наврасӣ ва завқи зиёди китобхонӣ дар рӯҳияи ман як андеша сахт нақш баст ва то имрӯз ин андешаро дар дил мепарварам. Шояд хонандаи нозукхаёл суоле пеш оварад, ки ин чӣ андеша бошад?

Аз он давра, чун ҳар инсон, хоҳ ноболиғу хоҳ калонсол бошад, фикр ва хулоса мебарорад, дар хаёли манн устод Мирзо Турсунзода машҳуртарин тоҷики дунё буд. Ба назари мани кӯчак чунин менамуд, ки ӯро дар тамоми олам мешиносанд, дӯст медоранд ва ӯ ифтихори миллии мост. Ин андеша аз хондани маҷаллаю рӯзномаҳо, гуфтори мардуми деҳаи кӯҳистон ва омӯзгорон дар рӯҳи ман ҷо гирифта ва имрӯз шодам, ки ин андеша ва хулосабарории ман — як хонандаи 10-сола дуруст баромада ва устод Турсунзода дар ҳақиқат машҳуртарин тоҷик дар асри ХХ буда, албатта, миллати мо замони шӯравӣ бузургони дигаре низ дошта, лекин қайд бояд намуд, ки касе ба пояи номи устод замони шӯравӣ расида натавонист ва ӯ дар сатҳи элитаи сиёсии куллӣ ва Иттифоқи нависандагони шӯравӣ ва сатҳи байналмилали тоҷики рақами 1- ум боқӣ монд.

Мо кӯдак будем ва медонистем, ки устод раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва Шӯрои Олии СССР буда, вазифаҳои муовини раиси Иттифоқи нависандагони СССР ва раиси Кумитаи шӯравии якдилии халқҳои Осиё ва Африқоро ба дӯш дорад. Медонистем, ки устод барои офаридани асарҳои барҷаста дар сатҳи шӯравӣ ва ҷаҳон, фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ ва сиёсияш, мубориза ва баромадҳояш барои сулҳ ва ҳамзистии халқҳои ҷаҳон бо ҷоизаҳои Мукофоти давлатии СССР, мукофоти ленинӣ, ҷоизаҳои байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷамол Абдул Носир, мукофоти Италия, медали тиллоии Кумитаи сулҳи СССР, ҷоизаҳои комсомолии Тоҷикистон ва ба номи Рӯдакӣ, 4 ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени Нишони фахрӣ» ва ғайраҳо мукофотонида шуда, бо унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадрдонӣ гаштааст ва ба ростӣ мо мактаббачагон дар ҳамон давраҳо аз чунин тоҷики унвондор ва ҷоизадор фахр мекардем.

Боварии комил доштем, ки тоҷикро дар хориҷи дуру наздик ва сатҳи Маскав маҳз бо чунин шахсон мешиносанд ва ҳурмату эътироф мекунанд ва воқеан ҳам ҳамин тавр низ буд.

Воқеан, шоири бузурги мо бо достонҳои овозадори худ, аз қабили «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҳасани аробакаш», «Писари Ватан», «Садои Осиё», «Аз Ганг то Кремл», «Ҷони ширин», «Чароғи абадӣ», «Хазон ва баҳор», маҷмӯаҳои шеърҳояш тараннумгари барҳақи саргузашти халқи тоҷик, созандагии давр, ифтихори ватану ватандорӣ, муборизи сулҳу озодию бедории мардуми Осиё гардид. Замони барҳаёт буданаш тамоми ашъораш дар Маскав дар нашриётҳои бонуфузи «Советский писатель», «Художественная литература», «Молодая гвардия», Ленинград чандин маротиба бо забони русӣ чоп гашта, ҳамчунин дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, бо забони халқҳои зиёди шӯравӣ чоп гашта, ӯро бар ҳақ ба яке аз пояҳои устувори адабиёти сермиллати шӯравӣ табдил доданд.

Таъсири достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Садои Осиё»-и устод ба адабиёти сермиллати советӣ бисёр калон буда, бисёре аз шоирони маъруфи сатҳи шӯравӣ зери ин таъсир ба мавзӯи Шарқ даст задаанд, ки ин худ ифодагари истеъдоди баланди қаламкаши устод аст. Устод ба хориҷи кишвар бисёр сафар мекард ва чун фиристодаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва миллати тоҷик номи Тоҷикистони азиз ва шукуфони худро ба забон меовард ва бо иборае ӯ як эълонномаи беминнати миллату кишвари худ дар хориҷи кишвар буд. Нисбати устод адибони маъруфи шӯравӣ ва хориҷӣ, аз қабили Н. Тихонов, К. Симонов, М. Шолохов, Р. Ғамзатов, М. Авезов, Ч. Айтматов,С. Вурғун, Э. Межалайтис, Ғ. Ғулом, Б. Қарбобоев, Ф. Искандар, Д. Кумултинов, Ф.Искандар, Мустай Карим Файз Аҳмади Файз, Зулфия ва дигарон эҳтироми хосае доштанд.

Устод нисбати раванди тараққиёти ҷомеаи ҳамзабонамон Эрону Афғонистон бефарқ набуд. Доимо бо ин кишварҳо дар тамос буд ва соли 1968 Кунгураи шеъри форсиро бо ширкати шоирони бузурги порсигӯ, аз қабили Нодири Нодирпур, Зиё Қоризода, Бориқ Шафеъ ва дигарон дар шаҳри Душанбе созмон дод.

Фикр мекунем, маҳз чунин хислатҳое, ки аз қабили дили оинавор, хоксории пок, таҳаммулпазирӣ, ҳимматбаландӣ, ки хоси оини ҷавонмардист ва аёрони сарбаланди Хуросон буд, устодро ҳам дар Ватан ва ҳам дар хориҷ шуҳраи офоқ гардонид.

Аз рӯи достонҳои ӯ «Ҳасани аробакаш» ва «Аз Ганг то Кремл» кинофилмҳо офарида шуданд. Филми «Ҳасани аробакаш», ки охирҳои солҳои 60-уми асри ХХ офарида шуд, дар сатҳи СССР ва хориҷи кишвар овоза пайдо кард. Ин филм он қадар машҳур гашт, ки ибораи «Ҳасани аробакаш» ба таркиби луғавии тамоми хоки шӯравӣ дохил гашт ва муаллифи ин достон ва Тоҷикистони азизро хеле машҳур сохт.

Мактаби худшиносии миллии созмондодаи устод Мирзо Турсунзода, ки саросар аз ифтихори миллӣ, оини Ватан ва миллатдӯстист, ўро барњақ чењраи маъруфи миллатамон дар асри рафта намудааст.

Фикр мекунем, ки пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи зиёдаш ба Ватан, миллат, Тоҷикистони азиз, орӣ будан аз нишонаҳои пасти вобаста ба одаму одамгароӣ — ҳасудӣ, бахилӣ, кина ва маҳалгароӣ, тавонист ҳамон давра ба инкишофи рӯҳияи миллатдӯстии тоҷик нақши муассири худро гузорад, ки онро муовин ва дӯстдоштатарин шогирди устод Мӯъмин Қаноат ва дигар шоирони нисбатан ҷавони мо, аз қабили Бозор, Гулрухсор, Лоиқ, Гулназар, Аскар Ҳаким, Зиё Абдулло, Искандари Хатлонӣ, Камол Насрулло, Фарзона ва дигарон то ҷое тавонистанд инкишоф доданд, то миллати худро ба бедории миллӣ ва давлатсозӣ замони истиқлолият бурда расонанд.

Рӯзи вафоти устод, санаи 24.09-и соли 1977 ҳеҷ аз лавҳи хотирам зудуда намегардад. Дар қафои хона, назди роҳи мошингард ҳамроҳи бачаҳои ҳамдеҳа, калонсолон истода будем.   

Он вақт ман дар синфи 8 таҳсил доштам. Ҳамин вақт ҳамдеҳаамон мудири мағозаи ҳамсоядеҳ, худораҳматии Мирзошариф, ки бинобар ба қавли мардум чилдурӯғ буданаш ӯро Мирзошутук ном мебурданд, (ӯ аслан дурӯғе мегуфт, ки ҳеҷ гоҳ бар зарари мардум набуданд, дурӯғҳои аслан ба касе зараррнарасонанда, монанд ба латифа буданд ва аксар мавридҳо бар зарари худаш анҷом меёфтанд) ва машҳуртарин дурӯғгӯи водии Дарвоз муаррифӣ мегашт, бо сумкаи калон аз назди мо гузашта хабар дод, ки устод Мирзо Турсунзода вафот кардааст. Аз ин хабари ногаҳонии чун раъду барқи ӯ ҳама ҳайратзада ва аламзада, ғамгин шудем. Касе ба сухани худораҳматии акаи Мирзошариф бовар кардан намехост. Ёд дорам, ки бригадири деҳаамон, марди шофмӯйлаб, акаи Мирзошоҳ аз наздамон гузашта, бо қаҳр ба аспаш қамчин зада, дод мезад, ки дурӯғ андоза дорад, Мирзошариф дурӯғи дигар наёфта, чунин дурӯғҳои зиштро паҳн мекунад.

Он рӯз ба хабари акаи Мирзошарпиф касе бовар накард ва сухани ӯро дурӯғи навбатиаш пиндоштанд. Мутаассифона, хабари ин дурӯғгӯи номии водии Дарвоз, рӯзи дигар баъди омадану гирифтани рӯзномаҳои даврӣ, ки дар ҳамаи онҳо таъзияномаи роҳбарияти СССР бо имзои шахсони аввали шӯравӣ — Брежнев, Косигин, Палеморёв, Шербицский, Кунаев, Рашидов, Алиев, Шеверднадзе, Расулов ва дигарон бо сурати устод чоп гашта, суханҳои гуфтаи акаи Мирзошарифро собит сохтанд ва он рӯз мегуфтанд: «Эй кош, ин сухану хабарҳои овардаи Мирзошутук мисли дигар сухану хабарҳои дурӯғинаш дурӯғ мебуд». Баъдан мардум мегуфтанд, ки Мирзошутук дар ҳаёти 60-солааш 1 бор рост гуфтааст, ки ин вафоти устод Турсунзода буд.

Оре, дар ин амал ва гуфтори тарафҳо низ маҳбубият ба бузургии шоири номвари миллатамон бо тамоми бузургияш нуҳуфтааст ва аз мактаби ватандӯстии ӯ насли ҷавони миллат ҳама вақт бояд омӯзад.

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *