Мирзоолим Саидов : Аз нафақаи Ҳошим Гадоев ҳангома накунед!

Саидов Мирзолим, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба шикояти Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавриди кам будани нафақааш мегӯяд, ки пешниҳод ҷиҳати муқаррар кардани нафақаи махсус барои ин ҳунарманд дар баррасии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор дорад.

Саидов Мирзолим, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба шикояти Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи халқии  Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавриди кам будани нафақааш мегӯяд, ки пешниҳод ҷиҳати муқаррар кардани нафақаи махсус барои ин ҳунарманд дар баррасии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор дорад.

Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки дар он Ҳошим Гадоев аз кам будани нафақааш шикоят мекард. Дар ин навор Ҳошим Гадо мегӯяд:

«Ман тӯли 10 сол шуд, ба тамоми чиновиникҳо, ба тамоми ҷойҳои пенсия ва тамоми ҷо муроҷиат кардам, ки оё Артисти халқии СССР, Артисти халқии Тоҷикистон, Дорандаи Ситораи Президент, Арбоби шоистаи санъат 700 сомонӣ пенсиа гирад дуруст аст? 60 сол дар театру кино байрақбардор будам, 40 сол дар институти санъат профессор будам, 200 ҷилд китоб баровардам…»

Як манбаъ ба Tajikistan Times гуфт, ки Ҳошим Гадо дар мавриди кам будани нафақааш ба Президенти кишвар низ муроҷиат  кардааст.  

Аммо  Мирзоолим Саидов зимни як изҳорот таҳти унвони «Аз нафақаи устод Ҳошим Гадоев ҳангома накунед!» таъкид кардааст, ки  «тамоми заҳматҳо ва хизматҳои ҳунарманд дар давраи Истиқлолият аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон сазовор кадршиносӣ гардида, вай бо аксарияти мукофотҳои давлатии кишвар сарфароз гардонида шудааст”.

 Дар ин изҳорот музди меҳнати ӯ ишора шудааст:

 «Танҳо дар соли 2018 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ» ба ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Гадоев Ҳошим ба маблағи 15432,42 сомонӣ музди меҳнат пардохт карда шудааст».

Ҳамчунин, Мирзоолим  Саидов гуфтааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  ба Ҳошим Гадо дар соли 2018 ба маблағи 10385,0 сомонӣ музди меҳнат дода шуда, аз моҳи январи соли равон музди меҳнаташ бештар аз як ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шўравӣ Гадоев Ҳошим яке аз ҳунарпешаҳои маҳбубу саршиноси мамлакат маҳсуб меёбад. Вай нақшҳои гуногунро дар филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ иҷро карда, миллати тоҷикро барои ҷаҳониён арзанда муаррифӣ намудааст.

Мирзоолим  Саидов таъкид кард, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар арафаи иду чашнҳо ба ҳунарманд кумакпулӣ ҷудо карда, роҳбарият ин вазорат ба аёдаташ мераванд.

Аз ин рӯ, ба эътиқоди Саидов маълумотҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣ доир ба вазъи ҳунарманд интишор мешаванд, туҳмати маҳз буда, ягон вокеият надоранд ва танҳо ҳадафи онҳо паст кардани эътибори ҳунарманд  мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *