“Мишел”-ро аз фурӯдгоҳ дастгир карданд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2018 шаҳрванд Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, бо тахаллуси «Мишел», 15.03.78 с/т, зода ва сокини ноҳияи Шуғнон, Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Даштак ҳангоми фирор намудан ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Шаҳрванд Азратқулов М.С. санаи 05.01.2018 бо маслиҳати пешакӣ бо шарикаш шаҳрванд Гадомадов А.Ф. 06.11.88 с/т, зодаи шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хичордев, сокини ш. Душанбе кӯчаи Клагенфурт хонаи 3/2 ҳуҷраи 51 бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба шаҳрванд Давлатов Х.Қ. таҳдид намуда, аз ӯ маблағи пулиро дар ҳаҷми 9300 доллари ИМА ва 10 000 сомонӣ, ки ҷамъ бо пули миллӣ 92 000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калон расонида, бо ин кидораш ҷинояти дар моддаи 249 қисми 4 (Роҳзанӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд.

Номбурда айни ҳол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Азратқулов М.С. қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҷониби суди ноҳияи Никулинскийи шаҳри Москва ба ҷовобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуда, номбурда дар муассисаи ислоҳии № 5 шаҳри Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.

ВКД

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *