Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Моҳпайкар: Рӯи Набиро дидан намехоҳам

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи тоҷик зимни суҳбат дар барномаи Ютубии «Медонӣ ё не» гуфтааст, ки дигар номи Набиҷон Пирматовро шунидан намехоҳам ва худашро дидан ҳам намехоҳам.

Моҷарои ӯ бо коргардони ҷавон барои сабти сериали «Ишқ, Пул, #Душанбе» рух додааст.

Моҳпайкар инро чунин шарҳ медиҳад:

-Аз соли 2013 инҷониб мо бо Набиҷон Пирматов ҳамкорӣ дорем ва барои ӯ бисёр кӯмак кардам, то филми «Арӯси замонавӣ» — аш рӯйи экран барояд, чун чанд мушкилие буд, ки монеа барои баровардани филмаш эҷод мекард. Набиҷонро бисёр дастгирӣ кардаам, то он даме, ки филми «Ишқ, Пул, #Душанбе» баромад ва ман дар он иштирок доштаму ҳақамро гирифтам.

Ҳамкориҳоямон хуб буд, аммо вақте дар Хуҷанд будам, Набиҷон ба ман занг зад ва гуфт, ки муаллимаҷон дар ҳамонҷо мо шуморо бояд 5 сония навор гирем. Ман гуфтам, бошад, чанд пул аст? Гуфт 100 сомонӣ. Ман гуфтам, ки Набиҷон, ту худат мефаҳмӣ чӣ гуфта истодаӣ. «Э апа, агар хоҳед ҳамин қадар, агар нахоҳед ман «Арӯси замонавӣ 3» — ро намегирам», гуфт.

Акнун бинед, одамеро, ки ман ба ӯ бисёр кӯмак кардам ва ӯ дар ҳамаҷо худро шогирди ман муаррифӣ мекард, омаду дар рӯйи устоди худ туф кард. Барои ҳамин ҳозир номи Набиро шунидан намехоҳам ва рӯйи ӯро дидан ҳам намехоҳам. Ин аст гапи Моҳпайкар!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.