Мо миллати театрӣ нестем! Аз “А” то “Я”-и театри Конибодом

“Cадои қу” дар Душанбе

— Ба Душанбе хуш омадед!

— Саломат бошед.

— Аз дастгириву кафкӯбиҳои тамошобинони пойтахт чӣ таассурот доред?

— Бовар кунед, мо пеш аз намоиш бисёр серкор будем ва қариб, ки дар як шабонарӯз 3-4 соатӣ хоб мекардем. Имрӯз ба намоиши мо тамошобини элита омада буд, мо дарк кардем, ки онҳо моро фаҳмиданд ва тамоми он азобҳо пушти сар шуданд. Бисёр хурсандем.

— Тамошобин бояд аз ин намоишнома чӣ мегирифт?

— Ростиву ростбаёнӣ, бо чашмони боз ба зиндагӣ нигоҳ кардан ва интихоби роҳи рост.

Театри Конибодом 100-сола шуд

— Шумо даъво доред, ки соли 2022 театри шумо 100 — сола мешавад. Ин дар ҳолест, ки мо аввалин театри касбиро театри Лоҳутӣ медонем, ки таъсисаш ба соли 1929 рост меояд. Даъвои шумо аз куҷо маншаъ мегирад?

— Факт оид ба ин мавзӯъ дар архиви театри Конибодом вуҷуд дорад. Дар китоби Комил Ёрматов “Возвращение” омадааст, ки соли 1922 як гурӯҳ ҳунармандони театр аз Хуқанди Ӯзбекистон бо роҳбарии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба минтақаҳои мо омада, намоишномаҳои театрӣ нишон медоданд. Дар ин давра дар кишвари мо театр вуҷуд надошт. Дар ҳамон давра Комил Ёрматов, ки корманди милитсия буд, барои муҳофизат кардани ҳунармандон аз босмачиҳо сафарбар шуда буд. Рӯзе дар намоишномаи эшон ҳунармандони бисёртар даркор шуд ва онҳо кормандони милитсияро розӣ карданд, ки дар намоишномаашон ширкат варзанд. Кори онҳо фақат истодан буду халос. Комил Ёрматов низ дар он иштирок мекунад ва аз ҳамин вақт шавқу ҳавасаш ба актёрӣ зиёд мешавад. Баъд аз ин ӯ бо котиби райкоми Конибодом суҳбат карда ба чунин хулоса меоянд, ки бояд дар Конибодом низ театр кушоянд. Зеро мақсади асоси онҳо мубориза бар зидди босмачиҳо мебошад. Ва худи ҳамин сол дар Конибодом театр ташкил карда мешавад.

-Соли оянда чандсолагии театрро ҷашн мегиред: 90 ё 100?

— Ҳоло маълум нест. Лекин бисёр мехоҳем, ки 100-солагиро таҷлил кунем.

— Дар юбилейи театр чӣ нақшаҳо доред?

— Нақшаҳои эҷодӣ зиёданд. Ният дорем, ки ҳафтаи театрӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ташкил кунем.

-Чаро кормандони театри шумо каманд?

— Дар театри мо бояд 55 нафар кор куна д, аммо бо сабаби он ки тетар худмаблағгузор аст, ҳоло 22 нафар корманд  дорад. Ва дар ҳоли ҳозир кори 55 нафарро 22 нафар иҷро мекунад.

— Чаро театратонро худмаблағгузор мегӯед,  магар монанди дигар театрҳо аз буҷа пул ҷудо намешавад?

— Аслан, театрҳои музофотиро мақомоти маҳаллӣ маблағгузорӣ мекунанд, вале театри мо худмаблағгузор аст. Албатта, мақомот  барои тамоман аз байн нарафтани театр кӯмак мекунанд. Инчунин, барои ташкил кардани тамошобин низ мусоидат менамоянд.

— Пас театр барои намоишҳояш аз куҷо пул меёбад?

— Ташкилотҳои ҷамъиятӣ  кӯмак мерасонанд.

— Аз ҷиҳати сарфу харҷ қиматтарин ва арзонтарин намоиши театрии театри шумо кадомҳоянд?

— Қиматраин намоиши мо “Садои қу” аст.  Арзонтаринаш “Оҳ муҳаббат” буд.

Риш дар хизмати мардум

— Чаро бачаҳо аз театр мераванд. Хушнуди Дадо, Муҳиддини Музаффар…

— Шароити зиндагӣ, кори дигар меёбанд…

— Шумо соли 2017 намоиши “Қори Ишкамба”-ро таҳия кардед. Дар ин давра се ҳунарманди шуморо наздики даҳ маротиба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои доштани риш пурсуҷӯ кардаанд. Ин масъаларо чӣ гуна ҳал кардед?

— Вақте ки бачаҳоямонро пурсуҷӯ карданд, мо рафтем ва ба кормандони милиса фаҳмондем, ки дар ин рӯзҳо мо дар намоишномаҳо бо риши сохта баромада наметавонем, зеро тамошобинонамон ба ин бовар намекунанд. Мо маҷбур ҳастем, ки риш монем. Баъдан мо аз ҷониби театр ҳуҷҷати тасдиқкунанда омода кардем, ки бачаҳо дар ҳақиқат ҳунарманд ҳастанд ва ришҳояшон танҳо барои хизмат ба мардум аст, на барои чизи дигар.

Миллати театрӣ нестем

— Мардум ба театр кам меояд, айби кист: ҳунарманд ё тамошобин?

— Ин мушкили калони кишвари мо аст. Камии тамошобин айби система аст. Дар мо системае аст, ки мо бояд тамошобинро худамон ба театр даъват кунем. Агар мо даъват накунем ӯ намеояд. Дар сари ягон кас нест, ки ман бояд имрӯз театр равам…

Аз ҷониби дигар метавон гуфт, ки то андозае айби ҳунарманд ҳам ҳаст. Бинанда дар зиндагиаш ҳазор мушкилӣ дорад, мо бояд роҳе ёбем, ки байни ҳамон қадар мушкилӣ даромада, ӯро ба театр ҷалб кунем. Мо бояд фарҳанги театрравиро ба бинанда таълим диҳем.

— Агар ҳамин рӯз фармоне барояд, ки тамоми театрҳои Тоҷикистон баставу актёрҳо ҷавоб дода шаванд дар ҷомеа чӣ тағйирот мешавад?

— Агар чунин шавад, ҳамчун як миллат мо нобуд мешавем

— Театри шумо ютубканал дорад. То имрӯз 218 видео пахш кардаву 363 обуначӣ ҷамъ кардааст ва бинандаҳояш аз 100 то 300 нафар ҳастанд. Заҳматҳое, ки мекашед ба ин бетаваҷҷуҳӣ меарзанд?

-Мо аслан дар бораи театр гап мезанем, намоишномаҳои театрӣ пешниҳод мекунем, афсонаҳо ва мастер классҳо мегузаронем. Чунин наворҳо ба ҳама лозим нестанд, зеро мо миллати тетарӣ нестем. Ба ютубканали мо танҳо онҳое обуна мешаванд, ки ба онҳо театр маъқул аст.

— Барои миллатро театрӣ кардан чӣ бояд кард?

— Бояд ки ҳамаи театрҳо дар якҷоягӣ барои мардумӣ кардани театр талош кунем.

— Шумо соли 2020 намоиши “Бозичаҳо”-ро ба таври онлайн дар Ютуб нишон додед, ҳама он чизе, ки интизор будед гирифтед?

— Мо ба ҳамааш розӣ ҳастем, зеро тамоми қуввамонро сарф мекунем. Ин намоишнома дар як моҳ наздики 5 ҳазор бинанда пайдо кард. Мо онро аз Ютуб гирифтем, зеро шукр ҳоло имкони онро дар театр бо ҳузури тамошобинон намоиш додан фароҳам омад ва ният дорем, ки ин корро анҷом диҳем.

Аз агар то агар

— Агар дунё намебуд…

— Агар дунё намебуд намедонем, ки чӣ мешуд, зеро ин дунё ганда зӯр. Ва агар дунё намебуд мо ҳам намебудам.

— Агар инсоният намебуд…

— Агар инсоният намебуд, ҳеҷ кас намефаҳмид, ки зиндагӣ карда истодааст ё не.

— Агар маънавиёт намебуд…

— Агар маънавиёт намебуд, мо ба мисли  дигар ҳайвонҳо умр ба сар мебурдем.

— Агар театр намебуд…

 — Агар театр намебуд, синамо намебуд. Зиёд чизҳо намебуданд.

— Агар некӣ намебуд…

— Агар некӣ намебуд, ҳеҷ чиз намешуд. Агар некӣ намебуд, мо намефаҳмидем, ки бадӣ чист ва ҳама чизро як хел  қабул мекардем.

— Агар бадӣ намебуд…

— Агар бадӣ намебуд, мо намефаҳмидем, ки дар дунё некӣ вуҷуд дорад.

— Агар пул намебуд…

— Агар пул намебуд, инсоният рушд намекард. Арзиш пайдо намешуд.

— Агар театри Конибодом намебуд…

— Ягон чиз тағйир намеёфт. Вале баъзе кишварҳо намедонистанд, ки Тоҷикистон дар дунё вуҷуд дорад.

 Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *