Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Модарашро буғӣ карда кушт” ВКД гумонбарро дастгир кард

Як ҷавони 22-соларо бо гумони модарашро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидан дастгир карданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Хабар медиҳад ВКД.

Номбурда, рӯзи 28-уми майи соли 2021, тахминан соати 18:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо модараш, зани 53-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо дастонаш ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.