Модаре,ки дар талоши наҷоти фарзанд мурд

Имрӯз ба хабарнигори сомонаи Tajikistantimes.com Акбар ном ҷавони сарбандӣ, ки хабари марги Исматҷони 18-соларо расонида буд, занг зада аз марги модари ин ҷавон дарак дод. Ёдрас мешавем, ки Исматҷон рӯзи 26-уми сентябр дар пайи як моҷарои хонаводагӣ аз рӯйи зани аз худаш чанд сол калон, ки бо ӯ муносибати маҳрамона доштааст,  худро оташ зада буд. Модараш ба хотири наҷот додани Исматҷон худро ба алангаи оташ афканда захмҳои зиёде бардошт. Модару писарро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо Исматҷони 18- сола,ки он замон  90% -и аъзои баданаш сӯхта буд, дар беморхона фавтид. Табибон вазъи саломатии модарро муътадил арзёбӣ менамуданд, вале бо шунидани хабари марги ҷигарбандаш дили зан низ аз тапидан бозмондааст. Ҷасади ин модари ормониро дар Сарбанд дар паҳлӯи писараш ба хок супурданд.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

21 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *