Модари Сарвазири Тоҷикистон даргузашт

Муҳаббат Охунова, омӯзгори собиқадор ва модари Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, 28 май бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 88-солагӣ вафот кард.

Муҳаббат Охунова, омӯзгори собиқадор ва модари Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, 28 май бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 88-солагӣ вафот кард. 

Ӯ бар асоси васияташ дар оромгоҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар канори фарзанди дигараш Абдувалӣ Назиров, ки 4 сол пеш вафот карда буд, дафн шуд.

Сомонаи Tajikistan Times  ва ҳайати эҷодии нашрияи Тоҷикистон ба Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бинобар даргузашти модар изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият карда, ба ӯ, аҳли хонавода ва пайвандон аз боргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил металабем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *