Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Модару кӯдаки «гаравгонгирифта» аз таваллудхонаи №1 мураххас шуданд (аксҳо)

Имрӯз, 22 июн кӯдаки навзоде, ки дар таваллудхонаи №1 бо вазни 1 кг ноқис таваллуд шуда, муддати ду ҳафта нигоҳдорӣ мешуд, бо вазни 1 килою 300 грамм мураххас шуд. Дар ин бора ба Pressa.tj Гулҷаҳон Давлатзода, директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ- генекологии Тоҷикистон, маъруф ба таваллудхонаи №1-и Душанбе бо ирсоли чанд акс иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки вазъи саломатии модару кӯдаки навзод хуб буда, барои пешвоз пайвандонаш омаданд. “Кӯдак ҳамагӣ 1 кг тавалуд шуда буд. Баъди нигоҳубини табибон ба 1килою 300 грамм расонида шуд. Худоро шукр, саломатии модару кӯдак хуб аст. Кӯдак шири модарро мехурад ва хуб ҳазм карда метавонад. Бинобар ин, ҷавоб додем”-гуфт, Гулҷаҳон Давлатзода.

Ин ҳамон модару кӯдаке мебошанд, ки дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ — генекологии Тоҷикистон, маъруф ба Таваллудхонаи №1-шаҳри Душанбе ба хотири пардохт накардани шодиёна ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ нигоҳ дошта мешуду дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдро ба миён овард. Баъдан ин хабарро мудири таваллудхонаи №1 Гулҷаҳон Давлатзода рад карда буд.


Бояд гуфт, ки Бобоева Раҷаббӣ, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Истиқлол-1 шикоят карда буд, ки табибони Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе келинаш Бадриддинова Миҷгонаро якҷо бо тифли навзодаш ба гарав гирифтаанд. Гуфта мешуд, ки дар як ҳафтаи бистарӣ будани келин хонадони Бобоева Раҷаббӣ мувофиқи талаби табибон маблағи 1000 сомонии пасандози хонаводаро пурра бурда, ба табибони гуногун супурдаанду то ҳанӯз гӯё хароҷот тамом нашудааст ва табибон барои ҷойи хоб, хӯрок, шодиёнапулӣ боз пул талаб доранд.
Гулҷаҳон Давлатзода, директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ- генекологии Тоҷикистон дар суҳбат бо Pressa.tj тафсилоти хабарро чунин шарҳ дода буд:

-Ин тамоман дурӯғ аст. Ин зан нисбати табибони мо туҳматро раво дидааст. Аз тамоми мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ намояндагон омаданд, санҷиш гузарониданд. Тасдиқи худро наёфт. Ҳатто баробари пахши хабар дар расонаҳои кишвар, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода ба пажӯҳишгоҳ омаданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раҷаббӣ Бобоева, хушдомани модари таваллудкардаро бозпурсӣ карданд. Ӯ гуфтаҳояшро рад кард.

Он замон Гулҷаҳон Давлатзода дар суҳбат бо Pressa.tj гуфта буд, ки кӯдак норасид таваллуд шудааст. Ҳамагӣ 1 килою 300 грамм вазн дорад. 9 рӯз дар шуъбаи эҳгарӣ, дар ҳолати вазнин нигоҳдорӣ мешуд. «Мо мутахассисони хуб дорем, ки бештари навзодони норасидро табобат ва дар шишаҳои махсус нигоҳдорӣ карда, сиҳату саломат ба дасти волидайнашон месупоранд. Масалан, тифле, ки ҳамагӣ 900 грамм таваллуд шуда буд, баъди нигуҳибун ба 2 кг расонда, ба дасти падару модараш супоридем. Ин гуна ҳолатҳо зиёданд. Чоргоникҳо ҳам дар пажӯҳишгоҳи мо таваллуд шуда, имрӯз саломат ба воя мерасанд»-гуфт Давлатзода.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.