Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Монандии коронавирус ба вируси кӯршабпарак

Муассисаи вирусшиносии Вуҳани Чин эълон кардааст, ки таркиби коронавирус 96% ҳамонанди вируси кӯршабпарак аст. Дар ин бора расонаҳо иттилоъ медиҳанд.

Як масъули муассисаи вирусшиносӣ дар Чин бо номи  Жонг Нашин гуфт, ки маншаи коронавирус монанд ба вирусе аст, ки се сол пеш дар кӯршабпаракҳо пайдо шуда буд.

Вай афзудаст, монанди бемории SARS мумкин аст коронавирус аз тариқи ҳайвоноти ваҳшӣ ба инсон интиқол ёфта бошад ва барои таъини ин масъала озмоишҳо идома доранд.

Ин вирус давраи нуҳуфтаи нисбатан тӯлонӣ аз чанд рӯз то ду ҳафта дорад ва ҳамин боис шудааст, то замоне ки алоиме чун табларза  ва тангии нафас дар мубталоён зуҳур накунад, аз он огоҳӣ наёбанд ва зарурате барои рафтан ба бемористон набинанд.

Нишонаҳои мубтаоло ба ин вирус дар инсон табларза, сулфа ва тангии нафас аст.

Ҳоло дар саросари ҷаҳон наздики 15 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаву зиёда аз 300 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Чин гуфтааст, ки 80 ҳазор нафар аз ташхис гузаронида мешавад ва 328 нафар аз ин вирус табобат ёфтааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.