Мошинқаллобро дастгир карданд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодомро, ки суд шудааст, бо гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Гумонбаршуда, санаи 14.09.с.2014 ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Крайслер”-ро, ки арзишаш 20000-доллари амрикоӣ аст гирифта, 17000-доллари амрикоиашро баргардонида, боқимонда 3000-доллари дигарашро то ҳол барнагардонидааст.Бо ҳамин роҳ, гумонбаршуда ба боварии марди 27-солаи сокини дигари шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ ду адад автомашинаҳои тамғаи “Дамлер-Бенс”-ро, ки арзиши умумиашон 95000-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *