Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мотам дар театру синамо. Аҳмадшоҳ Улфатшоев даргузашт

Тавре хабар ёфтем, чанд дақиқа пеш дар бемористони Қарияи Боло Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев дар синни 75- солагӣ оламро падруд гуфт. Тавре наздиконаш мегӯянд, ӯ вақтҳои охир аз фишори баланд азият мекашид.

Ӯ кист?

Аҳмадшоҳ Улфатшоев,  ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001) 30 сентябри 1945 деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1954) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1980).

Баъди хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1964—1967) ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (1961—1971) заҳмат кашидааст. Аз соли 1975 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омада, то ҳол дар ин ҷо фаъолият дорад.

Дар саҳна бо маҳорати хосси ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.

Ин марди ҳунар дар рушди санъати миллӣ тоҷикон саҳми боарзише дошт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.