Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳоҷирон аз Русия 3 фарзанди Ситораро оварданд (видео)

Пас аз гузориши сомонаи Pressa.tj се писари Ситора Сафарова, ки дар шаҳри Новосибирск бесарпаноҳ буданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Онҳо дар Русия ҳам таҳсил ва ҳам кор мекарданд, аммо модарашон дар Тоҷикистон аз онҳо дур буд.

Айни ҳол фарзандони Ситора дар бари модарашон ҳастанд, вале боз дар ҳамон хобгоҳи бешароит зиндагӣ доранд. Модару фарзандон ба бародарони муҳоҷир, аз ҷумла Ҳоҷӣ Нусрат, Ҳоҷӣ Шараф ва Шералӣ изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки ба онҳо кумак карданд ва ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Писарони Ситора мехоҳанд дар яке аз мактабҳои русии пойтахт таҳсили худро давом диҳанд ва дар оянда шахси маълумотдор гарданду ба оилаҳои муҳтоҷ дасти кумаки худро расонанд, то мисли инҳо дар зиндагӣ азоб накашанд.

Дар поён гузориши қабан омодакардаи сомонаи Pressa.tj пешниҳоди шумо мегардад:

Маро ба фарзандонам расонед: Илтиҷои зани тоҷик аз Рустами Эмомалӣ

Ситора Сафарова дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар як ҳуҷраи валангор бо писари ҳаштсолааш зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди нодорӣ, беморӣ, бекорӣ бадбахтии асосии ӯ се фарзанди ноболиғ аст, ки танҳову бемуттако дар Русия мондаанд ва ҳар лаҳза метавонад онҳоро аз даст диҳад. Умеди ягонаи ӯ ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Рустами Эмомалӣ аст, ки ҳафтаи гузашта аз сафари Русия баргашт…

Тан ба тақдир

Ситора барои фарзандонаш ҳам падар ва ҳам модар шуда, бори зиндагиро ба дӯши худ гирифт, то ки ҷигарбандонаш дар кӯча гуруснаву ташна намонанд. Дар бозорҳои “Султони Кабир”, “Саховат”, “Корвон” ва кӯчаҳои пойтахт ба моҳӣ, ҷуворӣ ва самбӯсафурӯшӣ оғоз кард. Барои пайдо кардани қути лоямут аз саҳар то бегоҳ дар гармову сармо рост истода, аз бозорчиҳову милисаҳо гурехта, фурӯшандагӣ мекард. Маблағи пайдомекардааш ба иҷорапулӣ ва як тикка нони фарзандонаш нӯг ба нӯг мерасид. Ӯ ба тақдири сахту рӯзгори пуразобаш мегиряду месӯзад. Мегӯяд, ки баъди фавти модараш ӯро ҳатто додараш ба хона роҳ надодааст, ҳол он ки дар оила духтари ягона буд ва ба ғайр аз ду бародар дигар касе надошт.

Рӯ ба сӯи мулки ғариб

Баъди чуин сахтиву ноҷуриҳои рӯзгор Ситора тасмим гирифт, ки мулки ғарибиро маскани ояндаи худ интихоб намояд. Моҳи июли соли 2019 ҳамроҳи фарзандонаш тариқи автобус ба Русия рафт. Шаҳри Новосибирскро барои зист ихтиёр намуд ва бо дастгирии муҳоҷирони тоҷик ба худ сарпаноҳе пайдо намуд. Ҳар рӯз самбӯса мепухт ва фарзандонаш онро ба бозор барои савдо мебурданд ва ҳамчунин, дар яке аз мактабҳо таҳсил мекарданд.

Рӯзҳо турнасон гузаштанду вазъи саломатии Ситора бад шуд, чун ду сол пеш дарди ҷигар, он дубора рӯ зад. Ин зани азиятдида ба ин нигоҳ накарда, боз аз пайи пайдо кардани ризқу рӯзии фарзандонаш буд. Оқибат вазъи саломатиаш хеле бад шуд ва духтурон гуфтаанд, ки бояд ҷарроҳӣ шавад. Табобат дар Русия барояш гарон афтод ва маҷбур шуд, ки ба Тоҷикистон барои табобат ояд. Моҳи феврали соли 2020 бо кумаку дастгирии ҳамватанон ҳамроҳи писари хурдиаш ба Ватан омад, то худро табобат карда, боз ба назди фарзандонаш равад.

Писаронам бесарпаноҳанд

Мутаассифона, бо сабаби бемории ҳамагири коронавирус хатсайрҳо ва роҳҳо ба Русия баста шуданд ва Ситора натавонист, ки ба назди фарзандонаш равад. Аз тангдастӣ ҳатто худро табобат карда натавонист ва шабу рӯз дар фикру хаёлаш фарзадонаш ҳастанд, ки таку танҳо чӣ кор карданд? Рӯзашонро чӣ гуна гузаронида истодаанд? Оё нони хӯрдан доранд? Маблағи иҷораашонро супорида бошанд? Таҳсилашон чӣ шуда бошад? Ва садҳо саволҳо дар сари ин зани шӯрбахт меомад ва шаби дароз гургон дилу ӯро тала мекарданд.

Ситора мегӯяд, ки бо сабаби савдо суст будан, фарзандонаш ду моҳ мешавад, ки пули иҷора (якмоҳаи он 13 000 рубл аст)-ро насупоридаанд. Ҳатто ҳуҷҷат барои иқомат надоранд ва бо ҳамон ҳуҷҷати семоҳа, ки дар рӯзҳои аввали рафтаашон карда буданд, таҳсил доранд. Муаллимони мактаб хабардор шудаанд, ки писарон баъди мактаб ба савдо машғул ҳастанд ва дар ин ҷо ягон саробон надоранд, ҳушдор додаанд, ки агар модаратон омада шуморо нигоҳубин накунад, ба хона-интернат месупорематон.

Ба ном шавҳар доштам

“Аз рӯзе, ки бо падари фарзандонам оиладор шудам, рӯзи хушро надидам. Мардвор бори зиндагиро мекашидам ва ба ном шавҳар доштам, ки ҳатто фарзандонам аз ӯ меҳри падариро надидаанд. Падар шуда тӯли 8 соли охир боре барои фарзандонаш ним халта орд наовардааст, либоси мактабӣ нахаридааст ва парво надорад, ки оилаву фарзанд дорад ё не. Баъди моро партофтан ба ягон фарзандам алимент надодааст, боре 400 сомонӣ ба дасти муфаттиш дода гуфтааст, ки инро бурда деҳ, заҳри баданашон шавад. Аз бешавҳариву дар ба дарӣ азоби сагро кашидам, ки худам медонаму болои сарам Худованди бузург”,-мегӯяд Ситораи бетақдир.

Қарзи бонк ва фиреби зани маккор

Соли 2014 дастони писари хурдии Ситора сӯхт ва ӯ ба маблағ сахт эҳтиёҷ дошт. Аз содагиву камбағалиаш Шокирова Ҳилола ном зан, ки дар ошёнаи чоруми хобгоҳ зиндагӣ дошт, истифода бурда, ба номи Ситора аз “Агроинвестбонк” 3 ҳазору 700 доллар қарз гирифтааст. Пеш аз қарзгирӣ барояш 500 сомонӣ дода, ӯро фиреб додааст. Рӯзе ҳамроҳаш Ситораро ба “Агроинвестбонк” бурда, гуфтааст, ки дар вақти қарзгирӣ гап назан, ман ҳамаашро ҳал мекунам. Ду-се корманди бонк ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пур кардаанд ва баъди гирифтани маблағ Ҳилола гуфтааст: -Вақте қарзҳоямро баргардондам, ин масъаларо дар 3-4 моҳ ҳал мекунам, хавотир нашав. Бо ҳамин Ҳилола ғайб задаасту дигар аз ӯ дар ягон ҷо ному нишон пайдо накарданд…  

Оча ба Русия биёед

Фарзандони Ситора дар синфи 7, 5 ва 2 мехонанд ва мегӯянд, ки оча худатон ба назди мо биёед, чун дар Душанбе хонаву дар надорем, азоб мекашем. Агар мо равем, боз кӯча ба кӯча савдо карда мегардем ва аз мактаб ҳам дур мемонем. Дар ин ҷо ҳеҷ набошад, бе ягон мушкилӣ як бурида нони худро ёфта хӯрда метавонем. Ҳамон хобгоҳу дашномшунавӣ аз мардум диламонро гирифтааст. Оча як илоҷ карда, ба назди мо оед…

Рустами Эмомалӣ маро ба фарзандонам расонед

Айни замон ин зани сиёҳбахт намедонад, ки сари худро ба куҷо занад, дар назди кӣ гардан каҷ намояд, то барояш кумак кунанд. Муҳтоҷи ҳама гардидааст. Нон барои хӯрдан надорад, мадори роҳ гаштан низ, чун асаб ва фикри фарзандони роҳдураш ӯро аз пой афтонда истодааст. Писараш дар яке аз мактабҳои пойтахт таҳсил дорад, лек Ситора ҳатто имкон надорад, ки барои ӯ либоси зимистона харад.

Ситора мегӯяд, ки умеди ягонааш Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки ҳафтаи гузашта аз сафари бобарори Русия баргашт: “Илтимосу илтиҷо дорам, ки маро ба фарзандонам расонед, чун бе онҳо зиндагӣ карда наметавонам…”-мегӯяд ӯ.

Бахтовар Сафаров,

«Тоҷикистон»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.