Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад. Ван И дар гӯшаи Тоҷикистон

27 октябр узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз Гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори Сафорат дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи «Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад» дар шаҳри Пекин таъсис шуда буд, дидан намуд.

Дар ин бора ба Сафорати Тоҷикистон дар Чин хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ҳангоми суҳбати кӯтоҳ бо Сафир Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, бахусус лимӯ ёдовар шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар гӯшаи Тоҷикистон дар баробари хӯроку шириниҳои миллии тоҷикӣ, асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳо дар бораи таърих ва фарҳанги тоҷикон ва роҷеъ ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи зиёди сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат гузошта шуда буд.

Маблағҳои зимни намоишгоҳ ҷамъовардаи беш аз 90 сафоратхона ва ташкилотҳои байналмилалӣ, зиёда аз 50 ширкати чинӣ ва хориҷӣ ба оилаҳои камбизоат ва ободонии деҳоти музофоти Чин ирсол хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *