Муҳоҷирон дар аърофанд? Аз мушкилоти муҳоҷир то хатсайрҳои чартерӣ дар суҳбати раиси Созмони байналмилалии муҳоҷират Абдусаттор Исоев

Муҳоҷират ҳам дард асту ҳам дармон. Дард барои кишварҳое, ки низоми муосири танзими муҳоҷират надоранд, дармон барои мамолики иқтисодашон рушднакарда.  Дар ин миён ҳолати муҳоҷир қиссаи марди дар аърофмондаро ба хотир меорад. Ҳам дӯзахиёну ҳам ҷаннатиён ҳангоми гузар аз аъроф сила ба рӯяш мезаданд. Аърофии ҳайратзада намедонад сар ба куҷо занад…

Абдусаттор Исоев мушкилоти муҳоҷирон ва роҳҳои ҳалли онро аз наздик медонад. Ӯ 18 сол аст, ки дар дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷирати СММ кор мекунад.  Ибтидо дар Тоҷикистон, баъдан дар Афғонистон, Судани Ҷанубӣ, Бангладеш сарварии дафтари ин созмонро бар уҳда дошт. Аз соли 2018 сарвари Созмони байналмилалии муҳоҷироат дар Россия аст. Абдусаттор Исоев — зодаи Тоҷикистон, меҳмони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» буд ва ба чанд саволи мо посух дод.

— Мушкилоте, ки имрӯз муҳоҷиронро ба ташвиш гузоштааст, таъсири Covid – 19 ба раванди муҳоҷират ва оқибатҳои он аст. «Чӣ бояд кард?». Саволе ки чун дунё куҳан.

Пандемияи коронавирус муште буд, ки ғайричамдошт аз пушти сар омад. Ин қадар тӯл кашиданашро ҳам касе интизор надошт. Вақте ки он иқтисоди ҷаҳонро ба касодӣ овард, возеҳ аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар канор намонданд. Сектори асосие, ки муҳоҷирон кор мекунанд, сохтмон аст. Пеш аз ҳама, ширкатҳои сохтмонӣ, ба истиснои иншооти стратегӣ, фаъолияташонро боздоштанд. Карантин тӯлонӣ  шуд ва муҳоҷирони зиёде дар хона нишастанд. Россия барои шаҳрвандони худаш имтиёзи зиёд дод, аммо муҳоҷирон аз он бенасиб монданд. Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо дигар ташкилотҳо ин масъаларо ба миён гузошт. Ба Ҳукумати Россия мактуб ирсол кардем, ки ин масъала набояд аз таваҷҷуҳ дур монад, зеро таъсири коронавирус ба муҳоҷирон бештар аст. Онҳо  ягон имтиёз ва даромад надоранд. Баъди муроҷиати созмонҳои муҳоҷират Ҳукумати Россия  муҳоҷиронро аз пардохти маблағи патент муддати се моҳ озод кард. Нархи якмоҳаи патент дар шаҳри Москва 5350 рубл, минтақаҳое ҳастанд, ки аз ин ҳам болотар. Ин дастгирии саривақтӣ буд.

  • Ин маблағро ҳама месупоранд?
  • Кишварҳое, ки узви Иттиҳоди АвруОсиё ҳастанд, аз пардохти ин маблағ озоданд. Муҳоҷират барои онҳо сабук мегузарад.
  • Муддати ду сол аст, ки роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Россия ҳастед. Чаро муҳоҷирон асосан Россияро макони кор қабул мекунанд? 

 –  Россия дар минтақа аз нигоҳи қабули муҳоҷирон мавқеи махсус дорад. Аз  рӯи таҳлилҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират, ки соли гузашта гузаронида шуд, Россия дар қатори 5 –гонаи  давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷир меистад. Дар зинаҳои аввал Амрико, Олмон, Арабистони Саудӣ қарор доранд. Дар баробари ин, Россия шаҳрвандонашро ба дигар кишварҳо барои муҳоҷират мефиристад. Яъне, ин ягона давлетест, ки бо чунин хусусият фарқ мекунад. Ҳоло наздики 15 миллион муҳоҷир аз тамоми мамолики дунё дар қаламрави Россия кору фаъолият мекунанд. Аз Тоҷикистон низ дар Россия кам нестанд. Аз нигоҳи мо, бештари муҳоҷирон дар Россия  аз Осиёи Марказӣ мебошанд.

Аз Россия ҳам муҳоҷират мекунанд?

Бале, вале кам. Ба Камбоҷа, Ветнам, Олмон, ИМА ва дигар давлатҳо аз ин кишвар муҳоҷират ва дар ширкатҳо ба ҳайси мутахассис фаъолият мекунанд. Дар қиёси тоҷикон онҳо ба кори сиёҳ даст намезананд. Дар Россия аз 80 давлати дунё сукунат доранд, ки шумораи онҳо тақрибан 5 миллион мебошанд.

– Шумо гуфтед, ки Арабистони Саудӣ дар қатори панҷ давлатест, ки бештар шумораи муҳоҷиронро қабул мекунад.  Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб низ аз ин ҷумла ҳастанд, ки беш 80  фоизи сокинонашонро муҳоҷирон ташкил медиҳанд, аммо ҳеҷ мушкилоте бо онҳо надоранд. Дар Россия ҳамагӣ 8-10 фоизи сокинонро муҳоҷирон ташкил медиҳанд, аммо мушкилот зиёд аст.

 –-Ин ҷо ду масъала вуҷуд дорад. Аввал, таваҷҷуҳи мо ба Россия нисбат ба дигар давлатҳо зиёдтар аст. Ҳамчун намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират  метавонам гӯям, ки дар Россия мушкилот ҷой дорад, офтобро бо доман пӯшонида намешавад.  Аммо ин маънои онро надорад, ки дар дигар кишварҳо мушкилот вуҷуд надорад. Таваҷҷуҳи шумо бештар ба ин кишварест, ки ҳамватанон бештаранд, яъне Россия.  Он, ки дар Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои араб шумораи муҳоҷирон нисбат ба аҳолии таҳҷоӣ зиёданд ва ин чунин маъно дорад, ки онҳо ба қувваи корӣ ниёз доранд. Аз ин нигоҳ мушкилоти муҳоҷирон камтар аст. Аммо ҳастанд мушкилот, вале ин давлатҳо аз мо дуранд, шаҳрвандони мо кам мераванд, мо ба мушкилоташон диққат намедиҳем.  Ба Россия рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба чанд далел аст.  Якум, забон.  Дуюм, ин кишвар имкон медиҳад, ки душаҳрвандиро ба даст оранд. Аммо дар давлатҳои Халиҷи Форс ин имкон нест, чунки таҳҷоӣ нестанд.

-Аз нигоҳи шумо, мушкилоти муҳоҷирон дар Россия чист?

-Надонистани забони русӣ ва надоштани касби муайян. Муҳоҷироне, ки аз Осиёи Марказӣ ба Россия сафар мекунанд, ҳатто маълумоти олии пурра надоранд. Бинобар ин, надонистани забони русӣ ва қонунҳои ин кишвар барояшон мушкилӣ дар кору фаъолият пеш меорад. Созмонҳои марбут ба муҳоҷират такрор ба такрор мегӯянд, ки ҳуқуқатонро донед ва нагузоред, ки касе онро поймол кунад. Дониши пасти ҳуқуқӣ  ва дигар меъёрҳо сабаб мешавад, ки ҳуқуқи онҳо дар кишвари бегона поймол гардад.  

 Россия аз лиҳози ҷуғрофӣ хеле калон буда, минтақаҳое дорад, ки ниёз ба муҳоҷир доранд. Аммо муҳоҷирони мо одатан мехоҳанд, ки ба шаҳрҳои калони Россия раванд. Дар шаҳрҳои бузург мушкилот зиёд аст,  бештари муҳоҷирон ба шароит мутобиқ (адаптатсия) намешаванд. Урфу одат ва фарҳанге, ки хоси деҳот аст,  мехоҳанд нигоҳ доранд. Яъне, масали “шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма шав”-ро фаромӯш мекунанд. Ба русҳо бошад, ин қобили қабул нест. Мехоҳанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба шароити онҳо мутобиқ шуда, кору зиндагӣ намоянд. Мутаассифона, бисёриҳо мутобиқ шуда наметавонанд ё намехоҳанд. Баъдан, ба гуфтаи русҳо “анклав” ташкил медиҳанд. Ба Новосибирск ё Красноярск равед, ин манзараро бо чашматон мебинед.

Чаро чунин ҳолат ба миён меояд? Оқибати он чист?

Ӯзбекҳо, тоҷикон, қирғизҳо ҳаммиллату ҳаммаҳали худро як ҷо гирд меоранд. Яъне, такя ба маҳал мекунанд. Ин шеваи кор пайомади хуб надорад. Онҳо мехоҳанд, ки дар ҳамон ҷо маҳаллаи худро ташкил диҳанд, ки оқибат ба мардуми таҳҷоӣ мушкил пеш меорад. Масалан,  дар Душанбе бародарони афғони мо биёянду як маҳалларо аз худ карда, зиндагӣ кунанд, чӣ оқибат ба бор меорад? Ин табиати инсон аст, вақте ҳамроҳонатон, бародарон ё каси наздикатон дар атрофатон ҳастанд, нафари дигар ҳар чӣ хоҳад, ба он даст мезанад. Дар пайи сар задани мушкиле такя ба назидикон мекунад. Ин амал барои русҳо, ҳар миллати аврупоӣ қобили қабул нест. Онҳо намехоҳанд, ки муҳоҷирони Осиёи Миёна биёянду деҳаву шаҳраки худро ташкил диҳанд. Онҳо мегӯянд, ки фақат ба урфу одати мо  муҳоҷирон одат кунанд, вагарна баргарданд.

Тоҷикон аз рӯи маҳал диаспора таъсис медиҳанд. Ба назари шумо, мактаби диаспора то кадом андоза муҳим аст?

  • Воқеан ҳам, созмонҳои диаспора барои муҳоҷирон муҳим аст. Аммо ин созмонҳо ба хотири чӣ таъсис ёфтаанд ва то кадом андоза ба мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ мекунанд, чандон аён нест. Диаспораҳое ҳастанд, ки роҳбаронаш ба хотири манфиати шахсӣ таъсис додаанд. Дар Россия диаспораи бадахшониён зиёд пурқувват аст. Мо  ҷаласае баргузор кардем ва аз иштирокчиён пурсидем: Бо кадом диаспора мо метавонем  ҳамкорӣ намоем?  Ҳама  бо як садо гуфтанд, ки бо диаспораи бадахшониҳо. Маълум шуд, ки диаспораи бадахшониҳо пурқувватанд ва ҳуқуқи тамоми сокинони Бадахшонро дар қаламрави Россия ҳимоя мекунанд. Ана, инро муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ меноманд.

Фикр мекунам мавҷудияти диаспораҳо лозим аст, агар ҳадаф муттаҳидӣ, дастгирии ҳамдигар бошад.

Мо ҳоло як пешниҳод ба Ҳукумати Федератсияи Россия ва Хадамоти муҳоҷирати он кардем: дар заминаи диаспораҳо таъсис додани як иттиҳоди байналмилалӣ, ки аз ҳуқуқи онҳо дифоъ намояд, зеро дар давраи пандемия дидем, ки муҳоҷирон ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ шуданд,   касе ба додашон нарасид. Ин иттиҳод бояд дар ҳамкорӣ бо созмони мо корашро идома диҳад. Дар доираи он ақаллан соле як-ду маротиба ҷамъ шуда, масъалаҳои марбут ба муҳоҷиронро муҳокима ва ҳал намоянд. Дар Россия чунин иттиҳод нест ва ҳоло ин пешниҳоди мо  мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин  иттиҳод танҳо барои муҳоҷирони Тоҷикистон нест.  

Ҳадаф аз он чист?

Роҳандози сиёсати ягонаи муҳоҷират.

Ҳоло рақами муҳоҷирони тоҷик дар Россия гуногун садо медиҳад.  Воқеият чист?

-Мо ҳам  омори мушаххас надорем. Маълумоте, ки ниҳодҳои Россия ва Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, аз ҳам тафовут доранд. Агар байни ин  ду оморро гирем, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Россия аз 1 миллион бештар аст, аз Ӯзбекистон беш аз 2,5 миллион.

– Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло мехоҳанд аз Россия ба Ватан баргарданд, дучори мушкилотанд. Ҳарчанд Тоҷикистон хатсайри чартерӣ ташкил кардааст, онҳо наметавонанд чипта пайдо кунанд. Созмоне, ки шумо сарвари он ҳастед, чӣ ёрие метавонад расонад?

– Фақат Тоҷикистон ташаббус карда, хатсайри чартерӣ ташкил кардааст. Ӯзбекистон, ки бештар муҳоҷир дорад, чунин иқдом накард. Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд, ки баргарданд. Рӯзҳои аввал дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторӣ назди муҳоҷирон баромад кард, вазъро фаҳмонд. Сафир онҳоро дастгирӣ кард ва ҳатто муҳоҷиронро  то фурудгоҳ гусел мекард. Фикр мекунам, агар муҳоҷирон сабру таҳаммулро пеша мекарданд, хубтар мешуд. Аз омадан ба Ватан аз бурдашон бохташон бештар аст: ҷои корро аз даст медиҳанд, дубора баргаштан наметавонанд, хароҷоти беҳуда…

Бояд масали тоҷикии “ҳафт бор чен куну як бор бур”- ро фаромӯш накунанд.

Айни замон кадом тоифаи мардум метавонанд ба Россия баргарданд?

Дар ин шабу рӯз ҳеҷ шаҳрванди хориҷӣ баргашта наметавонад. Пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки ҳарими ҳавоӣ кушода шавад, лекин ҳоло ҳам он дар баррасист. Танҳо шаҳрвандони Россия ва доранди иҷозати  иқомати доимӣ тавассути низоми “Госулуги” метавонанд, ки ба Россия баргарданд. Ибтидо тавасссути ин низом аз  қайд мегузаранд, баъдан ба рӯйхат ворид шуда, тавассути рейсҳои чартерӣ ба Россия парвоз мекунанд.

Мусоҳиб

Шариф Ҳамдампур

PS: Созмони байналмилалиимуҳоҷират (МОМ)

Соли 1951 ташкил ёфтааст. Ба он 183 давлат аъзо мебошанд. Тоҷикистон ҳам аз соли 1992 узви он аст. Қароргоҳи он дар Женева мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *