Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Муҳаббати» Сунгоркин ва Пономарёв бо «Равшану Ҷамшуд» ифода меёфтааст

Владимир Сунгоркин дар сӯҳбат бо оҷонсии РИА «Новости» рӯзи 21 июл гуфт, ки силсиламақолаҳои муаллиф Сергей Пономорев воқеияти вазъ дар Тоҷикистонро бозгӯ карда, ҳатто «бомуҳаббат» дар бораи ин кишвар ва мардумаш иншо шудааст.

Сардабири «Комсомольская правда» дар ин мусоҳиба ба РИА «Новости» ҳамчунин гуфтааст, ки, “пас аз чопи матлаби аввал мақомоти Тоҷикистон ибрози нороҳатӣ карда ва гуфтанд, ки агар матлаб аз сомона лағв нашавад, онҳо ёддошти расмии эътирозӣ хоҳанд кард. Азбаски дар ин матлабҳо чизи таҳқиромез дар нисбати Тоҷикистон надидам, ин тақозоро напазируфтам”.

Сардабири рӯзномаи «Комсомольская правда» гуфтааст, чунин репортажҳо аз Гурҷистон ва кишварҳои соҳили Балтик ҳам мунташир шудаанд, аммо нашрия аз ин кишварҳо ҳеҷ гуна эътирозеро дарёфт накардааст.

Ин дар ҳолест. ки чопи нашрияи «Комсомольская правда» шурӯъ аз 21 июл дар Тоҷикистон қатъ шуд. Шарифи Ҳамдампур, масъули чопи ин нашрияи русӣ дар кишвар гуфт, ин эътирози онҳо ба як мақолаи Сергей Пономарев аст, ки Тоҷикистонро “кишвари Равшану Ҷамшудҳо” номидааст.Шарифи Ҳамдампур, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки даҳ сол боз масъулияти чопи ин нашрияи русиро дар кишвар бар уҳда дошт, рӯзи 21 июл гуфт, «ин эътирози мо ба мақолаи Сергей Пономарев рабт дорад, ки дар он миллати тоҷик таҳқиру тавҳин шудааст».

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.