Чаро ҳайкали Дилшод Назаровро дар Хуҷанд гузоштанд?

Муҷассамаи Дилшод Назаров дар шаҳри Хуҷанд нахустин ёдгориест, ки барои варзишгари тоҷик дар замони зиндагиаш гузошта шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд аз муҷассамаи Дилшод Назаров, варзишгари маъруф ва қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ пардабардорӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ин муҷассама аз ҷониби Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Мӯъминов ва Комилҷон Ҳасанов, хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст.

Ҳайкалтарошони ҷавон, ҳамчунин, муҷассамаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Сиёвуш ва Фарҳоду Ширинро низ сохтаанд.

Бо пешкаши маҳсули эҷоди худ донишҷӯён бо роҳбарии академики Академияи мусавварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Маҷидов рисолаҳои хатм, яъне бо сохтани муҷассамаҳои фавқуззикр дифоъ намуданд.

Дар ҷараёни дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни факултети санъат ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода иштирок кард.

Дилшод Назаров, барандаи медали тилои Бозиҳои Олимпӣ дар Рио де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016, дар бахши гурзандозӣ шуда буд.

Муҷассамаи Дилшод Назаров дар шаҳри Хуҷанд нахустин ёдгориест, ки барои варзишгари тоҷик дар замони зиндагиаш гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *