Муҳоҷир мошини “хӯҷаин”-ро сӯхт

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 9 январ хабар дод, ки кормандони пулис шахсияти мардеро, ки ба далели муноқиша бо корфармояш мошини ӯро оташ зад, муайян карда, ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти РВКД Петербург, дар поёни моши июл дар кӯчаи Водная заставаи шаҳри Виборг нафари номаълум мошини «Nissan Xtrail»-ро, ки прораби 60-солаи як ширкат истифода мебурд, оташ задааст.«Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати кофтукови ҷиноии пулиси Санкт-Петербург шаҳрванди 55-солаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир карданд,» — гуфта мешавад дар иттилоияи пулис.Пулиси Петербург дар бораи шахсияти гумонбар ҷузъиёти дигар надодааст, вале нашрияҳои маҳаллӣ аз қавли манобеи худ дар пулис хабар доданд, ки дастгиршуда шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон аст.Бино ба фарзияи пулис, гумонбар баъди як муноқиша бо прораби ширкате, ки дар он кор мекард, аз нуқтаи фурӯши бензин дар кӯчаи Ленинградскаяи шаҳри Виборг бензин харида, шабона мошини прорабро дар кӯчаи Водная застава оташ задааст. Ба кормандони ширкат муяссар шудааст, ки оташро хомӯш кунанд ва мошинро аз пурра сӯхтан наҷот диҳанд.Ба зидди муҳоҷири тоҷик бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия — қисми сеюми моддаи 30 (қасди ҷиноят) ва қисми дуюми моддаи 167 (қасдан нобуд кардани моликияти ғайр) – парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 5 сол корҳои маҷбурӣ таҳдид мекунад.Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки муҳоҷири тоҷик дар як сохтмон дар шаҳри Виборг кор мекард. Ӯ моҳи июл баъди муноқиша бо прораби 60-солаи ширкати ООО «Дор СМО» аз кор меравад, вале мехоҳад аз корфармояш интиқом бигирад. Ба ин мақсад ӯ аз як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар кӯчаи Ленинградская як бакляжка бензин харида, мошини «ҷип”-еро, ки прораб истифода мебурд, оташ задааст.Муҳоҷири тоҷик ин корро ошкор анҷом дода, симои худро пинҳон накардааст ва видеокамераҳои нуқтаи бензинфурӯшӣ чеҳраи ӯро сабт кардаанд.Баъди оташ задани мошини сардораш ин марди 55-сола ба Тоҷикистон фирор кардааст. Ӯро рӯзи 9 январ дар кӯчаи Садоваяи шаҳри Санкт-Петербург баъди бозгашташ аз Тоҷикистон дастгир кардаанд.Дар бораи сабабҳои муноқишаи ӯ бо прораб чизе гуфта намешавад. Аммо дар аксари ҳолатҳо чунин муноқишаҳо байни муҳоҷирон ва корфармоҳои онҳо замоне сурат мегирад, ки корфармоҳо пули маоши муҳоҷиронро намедиҳанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *