Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

   Муҳоҷирон акнун камтар «депорт» мешаванд

Тарҳи нави тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурии Русия ихроҷи ҳатмии хориҷиҳоро барои роҳ додан ба ҷиноятҳои маъмурӣ бекор мекунад. Бо пешниҳоди Дмитрий Медведев, сарвазири Русия ба Думаи давлатии ин кишвар, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ ворид шудааст.

Тарҳи мазкур меъёри ҳатмии аз ҳудуди Русия ихроҷ кардани муҳоҷирони кориеро бекор мекунад, ки ба қонуншикании маъмурӣ даст задаанд. Тағйирот ба Кодекс ҷиноятҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҳудуди шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилоятҳои Подмосковйеву Ленинград содир шудаанд. Тарҳи Медведев мегӯяд, ки қарори аз қаламрави Русия ҳатман ихроҷ кардани муҳоҷири меҳнатӣ ва ба мӯҳлати 5 сол маънӯъ-ул-вуруд шудани онҳо «аз ҳад зиёд шадид аст» ва баъди ин онҳое, ки барои напардохтани пули телефон ва ё паркинги нодурусти мошин гунаҳгор шудаанд, метавонанд бо пардохти ҷаримапулӣ кору фаъолияти худро дар Русия идома диҳанд.Ношири ин хабар рӯзномаи «Коммерсант» мегӯяд, таҳрир моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Русияро дар бораи қонуншиканиҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар бар хоҳад гирифт. Аз рӯи қонуни амалкунанда, дар сурати роҳ додан ба ҷинояти маъмурӣ, бо қарори суд, шаҳрванди хориҷӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ҷарима пардохт карда, эҳтимолан аз қаламрави Русия хориҷ шавад. Дар Маскав, Подмосковйе, Санкт-Петербург ва Ленинград ихроҷи шаҳрванд баъди пардохти ҷарима амри ҳатмӣ ба шумор мерафт. Таҳрири ҳукумат ба шахси муҷрим шонс медиҳад, ки бо қарори додгоҳ танҳо бо ҷарима маҳдуд шавад. «Коммерсант» мегӯяд, назари додрасҳои додгоҳи конститутсионии Русия ин аст, ки қонуни амалкунанда «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷиро аз ҳад зиёд маҳдуд мекунад.»Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки тасмими бозбинӣ ва ё сабуктар шудани муҷозот барои қонуншиканиҳои маъмурӣ вазъи даҳҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷикро сабуктар хоҳад кард. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки аз ин таҳаввулот дар қонунҳои Русия истиқбол кард гуфтааст,ки  ҳоло 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти поймолкунандаҳои кодекси маъмурӣ ворид ва ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол аз ҳақи дубора ба Русия ворид шудан маҳрум шудаанд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.