Муаллифи “Бешаи палангон” 60-сола шуд

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китоби “Бешаи палангон” Маҷид Салим 60-сола шуд. Ӯ аз камтарин адибонест, ки ба олами ҳайвонот ва набобот таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст.

Нависанда ва рўзноманигори сермаҳсул Маҷид Салим 1-уми октябри соли 1960 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дида ба ҷаҳони равшан кушодааст. Соли 1987 факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии шаҳри Кўлоб ва ғойибона факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намудааст.

Дар рўзномаҳои ноҳиявии “Зафар” (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), “Коммунисти Ховалинг”, рўзномаи вилоятии “Роҳи Ленинӣ” кор карда, солҳои 1994-1998 ходими илмии Боғи ҳайвоноти ш. Душанбе, 1998-2000 мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, 2000-2003 мудири шуъбаи наср, 2003-2015 директори Хазинаи адабиёти ИНТ буд. Аз соли 2016 муҳаррири пешбари шабакаи “Фарҳанг”-и Радиои Тоҷикистон мебошад. Солиён ба сифати муаллиф- барандаи доимии барномаи телевизионии “Инсон ва табиат” заҳмат кашидааст.

Аз камтарин адибони муосири тоҷик аст, ки дар эҷодиёташ пайвастагии инсон бо табиат, олами вуҳуш, мўъҷизаҳои наботот ва ҷаҳони афсонавии ҷонваракон ба ҷилва омадааст. Ин мавзўъро бо шефтагию ворастагӣ пайгирӣ менамояд. Бобати танзиму таҳияи филмҳои мустанад ва очеркҳои телевизионӣ, тарҷумаи филмҳои бадеъӣ ба забони тоҷикӣ дар Телевизиони Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Ҳамзамон муаллифи бисёр мақола, лаваю очерк ва мусоҳиба ҳаст, ки дар матбуоти даврии тоҷик дарҷ ёфтаанд, ба тарҷумаи бадеъӣ низ шуғл меварзад, муаллифи чандин драма мебошад. Мавсуф бо медали “Хизмати шоиста” қадр ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *