Муаллим дарс диҳад ё мақола нависад?

Ба таваҷҷуҳи вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода

Феълан дар саросари кишвар макотиби миёна дар таътили тобистона қарор доранд. Аз ин фурсат истифода бурда, ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз баъзе мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта иншои озод менависам, то дар вақти фориғ, ба онҳо дида дӯхта, баҳои хешро одилонаву дилсӯзона гузоранд.

Инак, Иншои озод – 1:

Ҳар сол дар мавсими атестасиягузаронии муаллимон саҳифаҳои рӯзномаву ҳафтаномаву маҷаллаҳоии ҷумҳуриявӣ аз маводи омӯзгорони макотиби кишвар “гул” мекунанд, зеро яке аз шартҳои асосии гузаштан аз атестатсия чопи мақола дар нашрияҳо мебошад. 

Дар навбати авал чунин ба назар мерасад, ки ин талабот дуруст асту ҳеҷ мушкилоте ба бор намеоварад, аммо чун дурустар ба маводи рӯи чоп омада, дида равон мекунем ба хуби дарк менамоем, ки аксари онҳо ба қавли бобои Ленин “ради галочка” навишта шудаанд. Яъне дар он навиштаҳо ягон эҷодкорӣ, раванди таълим, масъалагузорӣ, усулҳои таълим, роҳу равиши фаҳмондадиҳии мавзӯъ ба хонадагон, ҳалли мушкилот, ҳамбастагии байни фаннӣ, таҳлилу барасии мавзуъ, методикаи таълим, роҳҳои равоншиносӣ дар ҷараёни таълим, таҷрибаву назарияҳо, малакаҳои андӯхта, роҳу усулҳои истифодаи техникаи замонавӣ, комёбиҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам, метод ва равандҳои омӯзиши таълим… қариб, ки ба назар намерасанд.

Барои мисол ба чанде аз он маводҳо назар мекунем.

“Амали зишту манфур” муаллиф Дилором Қаландарова, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи  коллеҷи техникии омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, Аълочии маориф ва илми ҶТ, ҳафтаномаи “Омӯзгор” № 9, 4 марти соли 2021.  Мавод зери рубрикаи “Мубориза бо коррупсия” чоп шудааст. Ин мавзуъ низ аз нигоҳи интихоб назаррас буда, вале аз нигоҳи касбияти омӯзгор ба ду по мелангад. Дар ин ҷо бояд роҳу усули фаҳмондадиҳии ин мавзӯъ ба хонандагон дар мади назар истад, вале ҷуз умумигӯйӣ андешаи ҷолибе дар ин матлаб баён нашудааст.

Ин гуна ба ном мақолаҳо ҳар ҳафта аз ҷониби омӯзгорон дар ҳамаи нашрияҳои кишвар ба нашр расонда мешавад, ки ҷуз умумигӯиву такрор ҳарфи ҷолибе дар онҳо нест. Барои мисол “Ҳомиёни манфиатҳои миллӣ”, Ф. Тошев, Ш. Бандишоев, омӯзгорони коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсуповаи шаҳри Душанбе, ҳафтаномаи “Омӯзгор”, № 9, 4 марти соли 2021, “Истиқлолият равзанаи умеду ормонҳои миллӣ”  С. Темирова, омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, “Ҷумҳурият”  28 майи соли 2021, “Нутқи кӯдак бояд бурро  бошад”  “Омӯзгор” , № 9, 4 марти соли 2021,  С. Каримова, омӯзгори мактаби № 121, ноҳияи Фирдавсӣ ва монанди ин…

Маълум аст, ки Худованд инсонҳоро ба мисли ҳамон панҷаҳои дасташон чӣ аз ҷиҳати қаду баст ва чӣ аз чиҳати донишу малака ва чӣ аз ҷиҳати ақлу фаросат ва нигоҳу назарашон мухталиф офаридааст. Бинобар ин, агар ба яке нутқи хубу бурро, зеҳни тез, чашми гиро ва одоби ҳамида ато карда бошад, ба дигаре қалами хуб, фаросати боло, рафтори хуб, ба сеюмӣ ҳам нутқу ҳам қалами хуб додааст. Табиист, ки истеъдоди эҷодиро низ Худованд ба ҳама надодааст ва омӯзгор муваззаф нест, ки эҷодкору мақоланавис бошад. 

Бинобар ин, муҳтарам вазир, магар зарур намешуморед, ки аз талаботи ҳатмии гузаштан аз аттестатсия бахши нашри мақолаҳоро дар матбуот берун кунед?

Албатта, он омӯзгороне, ки истеъдод доранд, аз таҷрибаи кории худ роҳу равиши таълим, истифодаи оқилонаи аёният дар раванди таълим, роҳу василаи ҷалби диққати хонандагон ба дарс ва ғайра мақола менависанд, қобили таҳсин ва дастгирист. Онҳое ҳам, ки мехоҳанд, фаъолмандии иҷтимоӣ ва мавқеи шаҳрвандии худро нишон дода, дар мавзуъҳои мухталиф тариқи матбуот ибрози назар кунанд, низ қобили истиқбол аст, вале ин амр набояд маҷбурӣ сурат гирад.

Аминем, ки ин пешниҳод ҳамчун як нуктаи назар пиндошта шуда, боиси озурдагии хотироти масъулини ин соҳаи басо муҳими ҷомеа намегардад.

Ба умеди дидор ва иншои озоди навбатӣ

Мухтори Сайидбурҳон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *