Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мубориза бо коррупсия дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон мубориза бо фасод авлавияти муҳимтарини стратегии сиёсати давлатӣ эътироф шудааст, ки барои афзоиши некӯаҳволии мардум равона гардидааст.

Ба таври самаранок решакан кардани фасод бидуни саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ, сохторҳои давлатӣ, тиҷорат, бахши ғайриҳукуматӣ ва шаҳрвандони фаъол имконнопазир аст. Дар ин андоза, бо ташаббуси Президенти нахустин Н.Назарбоев стратегияи нави зиддифасодии кишварамон ташаккул ёфтааст. Татбиқи принсипҳо ва стандартҳои умумиҷаҳонии байналмилалӣ ба таҷрибаи миллии мубориза бо фасод шарти асосии татбиқи тавсияҳои СММ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мебошад

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар маркази вазнинӣ ба самти истифодаи усулҳои қудратӣ гузарад, фасод андаке ва муваққатан коҳиш меёбад ва дараҷаи махфият ва маҳорати он, баръакс, меафзояд.

Дар ин замина, мисоли Чин гувоҳи он аст, ки сарфи назар аз ҳукми қатл барои фасод ва зиёда аз 10 ҳазор мансабдори қатлшуда, вазъ куллан тағйир наёфт. Аз ин рӯ, стратегияҳои бомуваффақияти кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба омезиши салоҳиятноки усулҳои пешгирӣ, таълим ва таъқиби ҷиноӣ асос ёфтаанд.

Имрӯз, равишҳо, кулли алгоритми фаъолияти одатшуда ва кулли идеологияи кор дар соҳаи муқовимат бо фасод дигаргун мешаванд. Тамоми ташаббусҳои мо аз тариқи арзишҳое иҷро мешаванд, ки мо барои худ возеҳан муқаррар кардаем. Ин адолат, ҳалолкорӣ ва эътимод аст.

Дар байни ҷанбаҳои мухталифи эътимод метавон тағйироти калидии муносибати шаҳрвандон ба фасодро муайян кард. Дар бобати он, ки рафти корҳо чӣ гуна аст, бо далелҳои зерин қазоват кардан мумкин аст

Тибқи  додаҳои тадқиқоти «Мониторинги ҳолати фасод дар Қазоқистон », ки соли ҷорӣ аз ҷониби Transparency Kazakhstan бо дастгирии Дафтари Барномаи Рушди СММ баргузор шуд, зиёда аз нисфи пурсидашудагон, яъне 54.4% коҳиш ёфтани фасодро дар кишвари мо қайд карданд. 76% соҳибкорони пурсидашуда чунин мешуморанд, ки дар Қазоқистон тиҷорати худро бидуни додани пора рушд додан ва фаъолият кардан танҳо дар доираи ҳуқуқӣ комилан имконпазир аст.

Шумораи шаҳрвандоне, ки омодагии худро дар иштирок дар татбиқи чораҳои барҳам додани фасод изҳор мекунанд, меафзояд. Ва на танҳодар сухан. Шумораи зангҳо ба Хадамоти зиддифасодӣ оид ба далелҳои фасод сол то сол меафзояд. Масалан,  соли гузашта дар бораи чунин ҳолатҳо тақрибан 1000 нафар ба Маркази зангҳои Агентӣ, ба телефонии 1424 муроҷиат карданд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум  3 маротиба зиёд аст. Агар дар соли 2018, тибқи ин гузоришҳо, 32 тафтишоти пеш аз судӣ оғоз карда шуда бошанд, пас танҳо дар соли 2019 шумораи парвандаҳои ҷиноятӣ ба 66 адад расид. Инҳо нишондиҳандаҳои муҳими болобарии сатҳи эътимод ба сиёсати зиддифасодии давлат мебошанд.

Ба кишварҳои аврупоӣ садсолаҳо лозим шуд, то зуҳуроти фасодро ба ҳадди аққал расонанд, аммо то ҳол ҳеч кас натавонистааст, ки аз он комилан халос шавад. Бисёр коршиносони аврупоӣ қайд кардаанд, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашаванда, фасод дар ИА фаротар ва  амиқтар аст, назар ба он ки дар тасаввурҳо ҳаст. Ҳамасола ҳазорҳо парвандаҳои ришвахорӣ, сӯиистифода аз мансаб ва камомад тафтиш карда мешаванд. Гузоришҳои махсус ва ҳисоботи созмонҳои байналмилалӣ, тадқиқотҳое ба нашр мерасанд, ки шаҳодат медиҳанд, фасод дар соҳаҳои гуногуни фаъолият густариш меёбад ва ин танҳо хоси кишварҳои рӯ ба инкишоф нест.

Дар Қазоқистон стратегияи дурусти муттаҳид кардани амалияи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба фасод алоқамандро бо рушди муназзами пешгирӣ ва якпорчагӣ дар ҷомеа интихоб карднд. Натиҷаҳо аёнанд. Тибқи пажӯҳиши ҳарсолаи Бонки Ҷаҳонӣ «Нишондиҳандаҳои идоракунии давлатӣ» дар бораи нишондиҳандаи «Назорати фасод», Қазоқистон дар соли 2018 нишондиҳандаҳои худро дар муқоиса бо соли қаблӣ тақрибан ду баробар афзоиш додааст. Дар шохиси ҷаҳонии рақобатпазирии IMD (IMD World Compability Ranking) аз рӯи нишондодҳои муқовимат бо ришвахорӣ ва фасод, Қазоқистон на танҳо дар муқоиса бо дигар кишварҳои ИДМ, балки инчунин нисбат ба кишварҳое чун Кореяи Ҷанубӣ, Исроил, Испания ва дигарон нишондиҳандаҳои беҳтар дорад.

Дар Шохиси дарки фасод Қазоқистон аз 100 холи имконпазир 34 хол ба даст овард ва дар миёни 180 кишвар зинаи 113-ро ишғол намуда нишондиҳандаҳои худро нисбат ба соли пешин ба 3 хол ва 11 зина беҳтар сохт.

Ҳар як кишвар вижагиҳо ва фарқиятҳои худро дорад. Бо мақсади ба сатҳи пасти фасод расидан, Қазоқистон барои ноил шудан ба ин ҳадаф равишҳо ва принсипҳои собитшуда, инчунин механизмҳо ва воситаҳои умумиҷаҳониро истифода кард.

Қадами навбатӣ дар ин самт воридшавӣ ба ГРЕКО буд, ки иқтидори коршиносони Шӯрои Аврупоро барои такмили минбаъдаи системаи миллии зиддифасодӣ ҷалб хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Автоматикунонии миқёсӣ имкон дод, ки  сатҳи фасод дар хадамоти давлатӣ беш аз чор се ҳисса коҳиш дода шавад. Дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Поксозии дақиқи дастгоҳи давлатӣ аз шахсони мансабдори фасодкор баргузор шуд, ки имкон медиҳад дар солҳои охир коҳиш ёфтани фасодкориро ба  мушоҳида расонад.

Моҳи ноябри соли гузашта Президент қонунеро ба имзо расонид, ки муқаррароти истеъфо ва ҷавобгарии шахсии интизомии роҳбарони мақомоти давлатиро дар ҳолати содир кардани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ аз ҷониби тобеони онҳо пешбинӣ мекунад.

Аз ҷумла, агар мансабдори мақомоти давлатӣ ба фасод маҳкум шуда бошад, масъулияти шахсиро роҳбари бевоситаи ӯ бар дӯш мегирад. Агар онҳо ходимони сиёсии давлатӣ — вазирон, ноиби вазирон, ҳокимони дахлдор ва муовинони онҳо бошанд, он гоҳ сухан дар бораи истеъфо меравад ва ҳарфи охиринро Президент хоҳад гуфт. Агар дар ин нақш як сардори марбут ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ бошад, пас вай ба ҷавобгарии интизомӣ то ба озод кардан аз вазифа кашида мешавад. Ҳамзамон, ӯҳдадории роҳбарони мақомоти давлатӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби тобеони онҳо ворид карда мешавад. Барои наандешидани ин гуна тадбирҳо ҷавобгарии интизомӣ ҳаст.

Бо ин Қонун ташхиси зиддифасодии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар маҳалҳо бо ҷалби васеи аҳли ҷомеа барқарор мегардад. Шакли дигари афзоиш додани иштироки шаҳрвандон дар мубориза бо фасод  —  тағйирот дар системаи ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои гузориш додан дар бораи далелҳои фасод хоҳад буд. Агар дар айни замон андозаи ҳадди аққали мукофот дар ин ҳолатҳо 250 ҳазор танга бошад, пас ба зудӣ ин маблағ ба якчанд миллион мерасад. Ман қайд карда наметавонам, ки бо ибтикори Агентӣ, дар ояндаи наздик ба хизматчиёни давлатӣ бори дигар истифодаи смартфонҳо дар ҷойҳои корӣ иҷозат дода мешавад, ки ба андешаи мо, самаранокии кор, аз ҷумла робита бо шаҳрвандонро хеле баланд хоҳад кард.

Инчунин, корҳо оид ба рафъи сабабҳои асосии фасод, аз ҷумла дар самти кам кардани иштироки давлат дар иқтисодиёт, коҳиши гардиши пули нақд, муносибгардонии мақомоти давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо бо мақсади болобарии назарраси музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва инчунин кам кардани функсияҳои назорат идома хоҳанд ёфт.

Тадбирҳои дигари қонунгузорӣ андешида шуданд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи онҳо сатҳи фасодро якбора коҳиш медиҳад. Муҳимтарини онҳо ҷорӣ намудани ҷавобгарӣ барои бойшавии ғайриқонунӣ, ӯҳдадории тамоми хизматчиёни давлатӣ бидуни истисно дар интишори эъломияҳо дар бораи даромад ва хароҷот, инчунин ҷорӣ кардани Институти санҷиш, ба ибораи дигар, санҷиши мукаммалии касбӣ мебошад.

Риояи ҳарфи қонун ин дарк ва фаҳмиши рӯҳияи он аст. Маҳз рӯҳияи қонун мақсаднок будани баъзе амалҳоро муайян мекунад. Эҳтироми қонун бидуни чунин арзиши оддии ахлоқӣ, яъне ҳалолкорӣ, ғайриимкон аст.

Ҳалолкорӣ асоси решаи тамоми системаи муосири идоракунии давлат мебошад, ки ба афзалиятҳои манфиатҳои давлатӣ нигаронида шудааст. Сухан дар бобати як фарҳанги мукаммали зиддифасодии шаҳрвандон ва таҷрибаи хуби ҳифзи ҳуқуқ меравад.

Ҳамчун қадами аввал, мо таҳияи методологияи муайян кардани шохиси тамомияти ҷамъиятии мақомоти давлатиро баррасӣ мекунем, ки сатҳи ошкоро, шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатиро инъикос мекунад. Ҳалолкорӣ бояд арзиши асосии маънавии хизматчиёни давлатӣ бошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj