Мулоқоти ёвари Президент Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сармуҳаррирон

Имрӯз баъд аз зӯҳр дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ёвари Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомиа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сармуҳаррирони нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ, радиоҳо ва телевизионҳо баргузор гашт. Мавсую ибтидо ба тамоми расонаҳо барои иштирки фаъолона дар инъикос ва иштирок дар ҷашни Ваҳдат, ки 27 июн дар шаҳри Хоруғ баргузор гашт, изҳори минатдорӣ баён намуд. Ӯ зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ имрӯз ба ҷузъи тафаккури миллӣ табдил ёфтааст ва ҳар фарде, ки ватани худро азиз медорад бояд ин ҷузъи тафаккури миллиро муқаддас донад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид намуд, ки пеши рӯй ҷашни 25 солагии истиқлолияти миллӣ қарор дорад. ВАО бояд нақши муассире дар инъикоси дастоварҳои кишвар дар тӯли ин солҳо дошта бошанд. Ӯ ба телевизионҳои ҷумҳурӣ дастур дод, ки филмҳои мустанад аз дастовардҳо ва бадеӣ ба хотири парваридани аҳли ҷомиа, алалхусус наврасон ва ҷавонон дар руҳияи ахлоқи солим таҳя кунанд ва ба намоиш гузоранд.

Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки иди Фитр яке аз суннатҳои мардуми мусулмон аст ва дар ин рӯз дасти ёрӣ ба бечорагону мӯҳтоҷон дароз мекунанд. Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз деҳаи Ғудараи водии Бартанг, ки мардумаш бар асари заминларза зарари зиёд диданд, фитри рӯзаро ба ин мардуми зарардида дод. Ба ин иқдом бисёре аз кормандони давлатӣ ва ғайри давлатӣ пайравӣ карда пайи ҷамъоварӣ ва фиристодани фитри рӯза ба мардуми зарардидаи  водии Бартанг ҳастанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр кард, ки имрӯз дар маҷлиси Ҳукумат мавзуи вусъати сохтмони неругоҳи Роғун садо дод. Тавре, ки гуфта шуд дар тендри байналмиллалӣ як ширкати бонуфуз ва мӯътабари Италия, ки таҷрибаи бузург дар сохтмонҳои иншооти обию барқӣ дорад ғалаба ба даст овард ва фардо маросима бастани Созишнома баргузор хоҳад гашт. Роғун ормони мардуми Тоҷикистон аст ва фардои кишварҳои Осиёи Маркази марбути ин сохтмон мебошад. Замони Шӯравӣ беш аз 40 институтҳои бузурги лоиҳакашӣ дар шаҳри Тошканд тарҳи ин иншооти бузургро кашида буданд. Имрӯз ба сохтмони ин иншоот на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Афғонистону Покистон эҳтиёҷ доранд. Хати барқи КАСА 1000 армони мардуми ин ду кишвар низ мебошад, ки метавонад дар ин минтақа рамзи барқарории сулҳ ва оромӣ гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *